Саҳифаи аслӣ - Хабарҳои охирон

Октябр 21 2017 0

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баъди ҷашни чорякасраи Истиқлолияти давлатии кишвари азизу маҳбубамон ба сӯи ояндаи дурахшон, баҳри ободу зебо намудан, таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ин неъмати бузургу беҳамтои халқи азизамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, дар нуҳ моҳи соли равон дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия хизмати арзанда ва содиқона карда истодааст.

Октябр 21 2017 0

Пешгуфтор: Ҳамагон медонанд, ки имрӯзҳо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурҳонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш борони туҳмату буҳтон мерезад. Албатта, амалҳои моҶароҶӯёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел нороҳат намудааст, ки ӯ бо интихоби лақаби «Истаравшанӣ» ба номи шаҳри бостонии мо иснод меорад. Бо мақсади пешгирӣ аз бадномсозии минбаъдаи диёрамон мо - як гурӯҳ сокинони шаҳр тасмим гирифтем, бо номае ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда, асли ин шахсро барояшон тавзеҳ диҳем.

Октябр 15 2017 0

Рӯзи 15-октябри соли 2017 дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон ба муносибати иди Меҳргон ва Рӯзи нобиноён чорабинии бо шукӯх доир гардид. Дар чорабини Раиси ноҳия, кишоварзон ва фаъолони ноҳия ширкат доштанд.  Дар оғоз Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода мардуми ноҳияро ба Иди аҷдоди яъне Меҳргон табрик намуда аз ҷумла чунин гуфт: Иди Меҳрон ҷашни аҷдодии миллати тоҷик ва ниҳоят қадима мебошад. Аҷдодони мо ин ҷашнро асосан дар вақти ҷамъоварии ҳосил барпо мекардаанд. Дар идома иброз намуд, ки мардуми ноҳия мардуми заҳматкашу меҳнат дӯст мебошанд.

Октябр 11 2017 0

Имрӯз дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба рӯзи фалак дар қасри фарҳанг ҷамомади тантанави баргузор гардид. Дар чорабини чеҳраҳои ҷавон иштиок намуда. Дар сатҳи баланд ҳунарнамои карданд. Ҷавонон бо лаҳни зебо фалаксарои намуда, хотири иштирокдоронро болида гардониданд. Иштирокдорони чорабини иброз намуданд, ки ин иқдомҳо ба хотири эҳё намудани анъанаҳои неки гузашта ва фарҳанги суннатии миллати тоҷик мебошад. Дар охир ҳаваскорон аз номи раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода бо маблағҳои пули қадрдони карда шуданд.

Октябр 10 2017 0

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри таъмни яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне аз бумбасти коммуникатсиони раҳои бахшидани кишвар дар асоси имкониятҳои мавҷуда корбари шуда истодааст. Айни ҳол барои гузаронидани корҳои таркиши ва барои хамвору васеъ намудани роҳи ағбаи Оббурдон аз Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии вилояти Суғд маблағи 80.000 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Октябр 05 2017 0

Санаи 29 – сентябри соли 2017 дар бинои МИҲД – и ноҳия фестивал озмуни атласу адраси Суғд 2017 баргузор гардид. Иштироккунандагон аз рӯи чор бахш беҳтарин либоси кӯдакона, беҳтарин либоси расмӣ, беҳтарин либоси рӯзмарра ва беҳтарин либоси миллии қадима ба ҳам рақобат намуданд. Шоҳҷоизаи озмун ба Аҳророва Соро аз деҳаи Валиғон ба маблағи 500 – сомонӣ супорида шуд. Инчунин ғолибони бахшҳои озмун ба маблағи 200 – сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Саҳифаи 127 аз 128

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj