Рушди иқтисоди ноҳия

Иқтисодиёти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар зарфи 26-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама намуди самтҳои хоҷагии халқ рушд карда аст. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри пешбурди самти иқтисод ҳамеша кӯшиш менамояд, ки бахши хусусӣ, яъне соҳибкоронро дастгирӣ намояд. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон корхонаҳо ва коргоҳҳои нави саноатӣ бунёд карда шуда, барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои  соҳаи саноати ноҳия саҳми намоён гузоштаанд.

Баҳри баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2018-2020” татбиқ гардидааст, ки муносибатҳои иқтисодиёти бозоргониро вусъат бахшида, самаранокии истифодаи захираҳои моддӣ ва меҳнатии маҳалро таъмин менамояд. Рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия бо дарназардошти имкониятҳои истеҳсолӣ пешбинӣ мешавад ва ба зиёдшавии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ асос мегузорад. 

Барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолию иқтисодӣ, татбиқи вазифаҳои зерини стратегӣ дар назар дошта шудааст:

  

-ташкил намудани корхонаҳои саноатии нав, бахусус: заршӯи, истеҳсоли тилло, мисс, сурмаю симоб, ангиштсанг, санги мармар инчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ.

-сохтани НБО-ҳои хурд,

-Ташкили инфрасохтори иқтисодӣ,

-Рушд додани соҳаҳои хизматрасонӣ,

-Ривоҷи соҳаи туризм,

-таъмини системаи амалкунандаи ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон,

-таъмини соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ бо қарзҳои имтиёзнок, камфоиз ва дарозмӯҳлати бонкӣ.

 

Дар мавриди амалишавии ҳадафҳои дар боло зикргардида ноҳия метавонад ба натиҷаҳои беҳтарииқтисодӣ расад.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳияи аграрӣ буда ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзи дар соли 2016   126211 ҳазор сомониро ташкил дод ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2006   40329 ҳазор сомонӣ ё 47% зиёд мебошад.

Ноҳия барои парвариши картошка боду ҳавои мусоид дошта, ин намуди зироат бештар парвариш карда мешавад. Дар соли 2016 дар ноҳия 62931 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондод нисбати соли 2006 10894 тонна ё 21% зиёд мебошад.

Инчунин ноҳия барои парвариши чорво мусоид буда дар соли 2016 шумораи бузу гусфанд 88628 сарро ташкил дод, ки ин нисбати соли 2010 11991 сар ё 16% афзудааст.

Дар ноҳия таи солҳои охир ба парвариши замбури асал бештар таваҷҷуҳ шуда истодааст, чунки боду ҳавои иқлими ноҳия барои парвариши замбур мувофиқ мебошад. Дар соли 2016 истеҳсоли асал ба 34 тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2010 31,9 тонна зиёд мебошад. Шумораи оилаи замбури асал бошад аз 180 оилаи соли 2010 дар соли 2017 ба 1892 оила расонида шуд.  

Ин хабар 1496 -бор хонда шуд.