Гусели 25 - нафар наваскар ба хизмати ҳарбӣ

Октябр 01 2017
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

     Санаи 01-октябри соли 2017 дар рӯзи нахусти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Кувваҳои мусаллаҳӣ кишвар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 25 - нафар наваскарро бо тантна ба маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд гусел намуд. Ба гуфти Сардори комисарияти ҳарбии ноҳия Азимов Зафар нақшаи ноҳия 25 - нафар буд ва боиси хурсандист, ки мо дар рӯзи нахуст нақшаи даъватро ба анҷом расонидем. 

     Ба муносибати гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар назди бинои қасри фарҳанги ноҳия чорабинии бошукӯҳ доир гардид.  Дар чорабини Раиси ноҳия, фаъолон, волидайни наваскарон ва ҷавонони синни даъвати иштирок намуданд. 

     Нахуст Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода ба сухан баромада чунин гуфт: «Хизмат ба Ватан -Модар рисолати фарзанди ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бо виҷдон мебошад. 

     Имрӯз муҳофизати ин марзу бум, ки оромию осоиштагиро таъмин карда истодааст аз мардонагию ҷасури ва ҳушёрии ин фарзандони сарбаланди Ватан ба даст омадааст.  Имрӯз бо таваҷҷуҳӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ва Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои аскарону афсарон шароитҳои хӯби хизмати- ҳарбӣ муҳаё карда шудааст. Хизмат ба Модар-Ватан вазифаи муқаддас буда, шарафёб гаштан ба ин рисолати бузург садоқати фарзанди ва нангу номуси ҳар як ҷавонмард мебошад.  Солҳои охир маъракаи гусели наваскарон ба як чорабинии бошукӯҳ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар ихтиёри равон шудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ падидаи сурурбахш  ва баёнгари он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи ин марзу бум ба ҷону дил омодаанд».

     Сипас риштаи сухан ба волидайни наваскар Шарипов Идибой  ҳамзамон Сардори идораи бойтории ноҳия  вогузор гардид. Номбурда зимни суханрони гуфт,ки «Сеюмин фарзандам ҳаст, ки имрӯз дар баробари фарзандони мардуми заҳматкаши ноҳия  ба хизмати ҳарбӣ  гусел мекунам.  Ӯ гуфт, ки аз чандин қисмҳои низоми дидан намудам, рости шароите, ки  дар қисмҳои низоми ҳаст дар баъзе аз хонаводаҳо шояд  ингуна шароит  ва таъминотнабошад».  Дар идома иброз дошт, ки хизмат қарзи фарзандии ҳар яки мо мебошад. Аз сокинони ноҳия  даъват ба амал овард, ки  фарзандони худро  дар руҳия ватандусти тарбия ва ба ҳимояи ватан омода намоянд».

     Навдаъватшавандае бо номи Давлатзод Эҷодмуҳаммад аз деҳаи Пастиғав дар суҳбат бо мо гуфт, ки ДДҲБСТ-ро бо ихтисоси ҳуқуқшиос хатм кардаам. Ба хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ  меравам. Қарзи фарзандии худро дар назди Модар- Ватан  сарбаландона адо намуда, пас аз он дар ихтисоси хондаи хеш аз паи кору бор мешавам. Аз ҷавонон даъват намуд, ки чун ӯ ба қарзи фарзандии хеш ва баҳри дифои ин кишвари биҳиштосо  камари ҳиммат банданд.

     Ҳамзамон МИҲД- ноҳия ба 25- нафар волидони наваскарон ҳамчун ҳадя матои адрасу атлас тақдим намуд. Ба ин муносибат барои наваскарон ва волидонашон дастурхон ороста шуда, инчунин бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ чорибиниро хотирмон намуданд.

  

 

Ин хабар 1716 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj