Таҷлили рӯзи забон ва омӯзгор дар ноҳия

Октябр 05 2017
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Имрӯз дар қасри фарҳанги ноҳия ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатӣ чорабинии бо шукух доир гардид.  Дар оғози чорабинӣ Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода сухнаронӣ намуда, забони тоҷикиро як поя давлат унвон карда гуфт, ки забони тоҷикӣ  мероси бузурги аҷдодони шарафмандамон  буда, бо вуҷуди  шебу фарозҳои  зиёд ҳамчун риштаи  пайвандгари  наслҳо аз ҳазорсолаҳои дур то ба замони мо омада расидааст.

     Муҳаммадҷобир Раҷабзода ҳамчунин зикр намуд, ки ҷашни забон барои кулли мардуми шарафманди тоҷик хусусан барои аҳли маориф қадру манзалати зиёд дорад.  Раҷабзода бо ёдовари аз таърихи забон рисолати таърихофарини он гуфт, ки бояд ҳамеша дар хотир, ки дар тӯли торих забони мо барои бақо ва ҳастии миллат, шукӯҳу шаҳомати давлатдорӣ хизмати бузург ва таърихӣ кардааст.   

     Бояд зикр намуд, ки дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар баробари таҷлили «Рўзи забон» Рўзи омўзгор низ ҷашн гирифта шуд. Мудири маорифи ноҳия Сафар Салимов зимни суханронӣ доир ба мақоми омўзгор дар ҷомеа гуфт, ки омӯзгор дар ҷомеа чун шамъест, ки баҳри фардои дурахшони миллат худро месӯзонад, то роҳи ояндаи насли навро рушан кунад. 

     Дар охир бахшида ба Рӯзи омӯзгор аз чониби Мақомоти иҷроияи маҳалли давлатии ноҳияба 37 нафар омӯзгорони пуртаҷриба ва собиқадор барои фаъолияти хуб ва корҳои пурсамарашон дар тарбияи насли наврас бо тӯҳфахо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Ин хабар 1260 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj