Ба мардуми Ғузндара Паёми Пешвои миллатро шарҳ доданд

Январ 20 2018
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Дар асоси нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба мардум ва омодагиҳо ба мавсими кишту кори баҳорӣ ва инчунин яхобмониву шӯршӯйии заминҳо дар деҳаҳои Ғузндараи ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар ин вохӯрӣ муовини аввали раиси ноҳия Тоҳир Азиззода, роҳбари дастгоҳ Ҳотамбек Аҳмедов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Равшан Раҳимов ва раиси ҷамоати Иван-тоҷик Абдуҷалил Қозиев иштирок доштанд.

 

Тоҳир Азиззода, муовини аввали раиси ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати омода намудани заминҳо барои кишти баҳорӣ ва супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинобар хушк омадани ҳаво ва яхобмонӣ ва шӯршӯйии заминҳо ба самъи раиси хоҷагии деҳқонӣ ва саҳмдорони замин расонида таъкид намуд, ки раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбати ин масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ин хабар 303 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj