Машварати раиси ноҳия бо масъулин

Январ 23 2018
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Рўзи 22- январи соли 2018 дар бинои  МИҲД- ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо иштироки Раиси ноҳия ва кулли кормандони сохторҳои гуногун машварат баргузор гардид.

 

Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода нахуст доир ба дастур ва супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ санаи 18.01.2018  доир шуда буд, ба самъи масъулин расонид.

Дар машварати корӣ раиси ноҳия ба масъулини соҳаҳо дастур дод, ки дар наздиктарин фурсат дар пайи ислоҳия камбудиҳои соҳаҳояшон шаванд. Ҳамчунин дар машвара соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ва кишоварзӣ мавриди таҳлили амиќ раиси ноҳия ќарор гирифта, ба мутасаддиёни соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Дар ҷараёни машварат ҳамчунин раиси ноҳия Муҳамадҷобир Раҷабзода барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷалби соҳибкорони дохилӣ барои бунёди иншооти хизматрасонӣ ва аз худкунии заминҳои бекорхобида ба масъулин дастур дод.

Ин хабар 322 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj