Вохӯрӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободкориву созандагӣ

Январ 25 2018
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Дирӯз Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадљобир Раљабзода бо мақсади расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон љиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ, љалби соҳибкорони маҳаллӣ барои ободонии диёр, љилавгирии љавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ ва терроризм бо мардуми деҳоти Ғузндараи ноҳия вохӯрии судманд доир карда шуд.

 

Дар вохӯрӣ намояндагони прокурори ноҳия Азизмурод Сабурӣ, сардори бахши КДАМ дар ноҳия Аҳрор Давлат ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Муҳаммадљобир Раљабзода дар оғози суҳбат бо сокинони деҳаи Ғузн он дастур ва супоришҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маљлиси васеи Ҳукумати Љумҳурӣ ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур дода буданд, ба самъи ҳозирин расонида, аз камбудиву мушкилоти сокинони деҳа пурсон шуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин љиҳати иљрои амри иљрокунандаи раиси вилояти Суғд Раљаббой Аҳмадзода дар бораи яхобмонӣ ва шӯршӯии заминҳо инчунин омодагиҳо ба мавсими кишти баҳорӣ бо саҳмдорон ва раисони хољагиҳои деҳқонӣ дастуру маслиҳатҳо дода шуд.

Љилавгирии љавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ, ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахше аз ин вохӯриҳои судманд буданд. 

Ин хабар 317 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj