АЁДАТИ ПИРОНУ КАМБИЗОАТОН

Июн 01 2018
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Аёдати пирони барљомонда, камбизоатон, ятимон ва маъюбон дар иду ҷашнвораҳо яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маӣсуб мешавад.

 

Бо ин мақсад аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар моҳи мубораки шарифи Рамазон ба садҳо маъюбону бепарасторон ва пирону ятимони шаҳру навоҳии вилоят кумаки моддӣ, аз қабили орду равған, биринҷ ва шакар фиристода шуд. Рӯзи гузашта бо иштироки Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода ва муовини раиси кумитаи идораи замини вилояти Суғд Абдураҳмон Мавлонов ба 78 нафар камбизоатону маъюбон, ятимон ва пирони барҷомонда кумакӣои модии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро тақдим намуданд.

 

Зимни тақдими кумакҳои моддӣ пирону маъюбон ва камбизоатон аз амалҳои хайри роҳбарияти давлат ва раиси вилояти Суғд изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон дуои нек карданд.

Ин хабар 187 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj