ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛАНГАРИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БА АМАЛКАРДИ АЪЗОЁНИ ТЭТ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ВА ГУРУҲИ - 24

Июн 01 2018
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Имрӯзҳо дар фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои интернетӣ ташкилот ва гуруҳҳои ифротӣ бо ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ номи Тоҷикистон ва миллати тоҷикро бадном карда истодаанд. Ин гуруҳҳои ифротӣ, ки бо иғвоангезиҳову дуруғпароканиҳояшон мехоҳанд  имиҷи давлати соҳибистиқлоли моро дар назди ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ паст зананд, ошкорову пинҳонӣ ҷавононро ба вайрон кардани сохти конститутсионии давлат даъват карда истодаанд.

 

 Гуруҳи экстремистии ба ном “Гуруҳи - 24 ва Ташкилоти экстремистиву террористии наҳзати исломдар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар фейсбук ин шабу рӯз даст ба иғвоангезиҳо зада, мехоҳанд бо ин роҳ фазои орому осудаи кишвари азизи моро нооором созанд.

Мо, кормандони ҷамоати деҳоти Лангари  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ин амалкарди ифротгароҳоро  маҳкум намуда, инро хилофи арзишҳои миллӣ ва номуси ватандории худ медонем.

 Насли ояндасоз таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар фазои ороми сиёсӣ умр ба сар мебарем ва шукри  ин давру замон мекунем, зеро чунин шароит бо чунин рохбар ва сиёсат дар таърих ками андар кам аст.

 Мо  сокинони сарбаланди даврони сохибистиклолии ватан ифтихор аз чунин давлат ва рохбар мекунем. Дар чунин фазо мо, кормандони ҷамоати деҳоти Лангар  ҳамагуна фаъолиятҳои пасипардагии ҳизби экстремисти ва террористии Наҳзати наҳзати ислом ва тамоми гуруҳҳи тундрав ва ифротгароёнро маҳкум намуда, ба тамомисокинони кишвари махбубамон муроҷиат менамоем:

Имрўз дар дунё гуруҳҳои мухталифи ифродгарою тундрав хеле зиёд гардидааст. Онҳо  ба ҳар роҳу васила аз ҷумла шабакаҳои иҷтимои корбари намудамардум ба хусус ҷавононро бо ваъдаҳои пули ва ё боистифода аз арзишҳои дини мубини Ислом ҷалбгардонидаҳадаф ва нақшаҳои нопоки худро пиёда месозанд.

Фаъолияти ин гуруҳ бо истифода аз номи поки Ислом чандин афроди қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба доми худ кашонда, дар солҳои ҷанги шаҳрванди, инчунин то замони мамнуъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар кишвар ҳазорҳо қурбони бар ҷой гузоштХуд қазоват кунед оё ислом қатлу куштору хиёнат аст? Албатта ки ин гуна нест, аммо ин зумра шахсиятҳои беҳаёву хиёнаткор аз арзишҳои ислом суистифода намуда, ба ризқи мардум зомину ҷону номуси мардум таҷовуз карданд. Онҳо мехостанд ба ақидаҳои бегонапарасти ва мудирияти хоҷагонашон субот ва сохти Конститутсионии ҳукумати феълиро сарнагун созанд, вале тирашон хато рафт ва давлати ҷавону пуриқтидори Тоҷикистон ба онҳо посухи муносиб дод.

Мо, кормандони ҷамоати деҳоти Лангари  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ба вайронкори ва ҳадафҳои нопоки ТЭТ ҲНИ ва Гуруҳи - 24 бономуси тоҷиконаифтихор аз марзу буми муқаддас бо маърифати созандагиву бунёдкори, пойдории субот ва ваҳдати комили кишвар посух хоҳем додМардуми шарифи Тоҷикистон дар фикри ободи ва оромии Ватан ҳастанд ва фиреби ҳаргуна гуруҳҳои ифротгарову тундравро нахоҳанд хурд. Миллати Тоҷик миллати баномус ва бофарҳанг аст. Миллати тоҷик ҳамдигарфаҳм ва муттаҳид астМардуми ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ худро узви ҷудонашавандаи ҷомеаи Тоҷикистон шумурда, баҳри суботу ороми ва ободии кишвари азизамон пайваста талош намуда аз оддитарин афроди ин  миллат бо арзиши ҷон ҳам бошад дифоъ хоҳем кард.

 Мо бо давлати сохибистиклоли Точикистон хамеша ифтихор дорем ва ба мукобилихамагуна зухуроти номатлуб ва нохалафон мубориза мебарем.

Ин хабар 170 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj