ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9, НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БА АЪЗОЁНИ ҲИЗБИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРОРИСТИИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ВА ГУРУҲИ №24

Июн 01 2018
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Мо, омӯзгорони МТМУ №9, деҳаи Худгифи Эшонҳо,  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳама гуна фаъолиятҳои ҳизби террористии наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки боиси норомии ҷомеа мегарданд ва фаъолияти гуруҳҳои тундраву ифротгароро, ки хунбаҳои ҳазорон кӯдакон, ҷавонон, пирони шаҳидгашта ба дӯши онҳо бор аст, маҳкум намуда, ба тамоми кишрҳои ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорони кишвари азизамон - Тоҷикистон муроҷиат менамоем.

 

 Ҷомеаи имрӯза ниёз ба оромию осудагӣ дорад. Мутаассифона гуруҳҳои мухталифу ифротгаро дар ақсои олам рӯз ба рӯз сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ хеле зиёд намуда, бо истифода аз арзишҳои дини мубини Ислом ва бо таъсиррасонӣ ба афкори онон нақшаҳои касифи худро мехоҳанд амалӣ созанд.

Мо қишрҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус омӯзгорон дидем, ки чи гуна дар як даври муайяни таърихӣ, замоне, ки Тоҷикистони азизамон нав шаҳди Истиқлолиятро мечашид, гуруҳҳои тундрав, ба хусус, наҳзатиён тавонистанд, ки бо истифода аз номи ислом кишварамонро  ба вартаи нобудӣ гирифтор намоянд.

  Маҳз бо хости Худо хиради волои Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги дохилӣ дар кишвар ба поён расид ва сулҳи деринтизор дари ҳар як хонадони тоҷикро куфт. Дар дили аҳли кишвар умед ба зиндагӣ, ба ояндаи дурахшон пайдо гашт. Вале ин тинҷию оромӣ боре ин ашхос хушоянд набуд. Воқеаҳои соли 2015 бори дигар исбот намуд, ки ТЭТ ҲНИ ният дорад, ки бори дигар Ватанро оғӯштаи хун созад, вале тирашон хок хурду чеҳраи воқеии аъзоёни ин ҳизб ба мардум ошкор шуд.

Ҳосили ҷанги шаҳрвандӣ барои Ватани мо Тоҷикистони навистиқлол ба дастовардгарон афтод. Садҳо ҳазор шаҳрвандон қурбон шуданд, қисми зиёди зиёиёни кишвар рӯ ба муҳоҷират оварданд, низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат фалаҷ гашт. Садҳо сарҳои бурида, ғарибони тоҷик дар хоки Афғонистони ҳамсоя ин будҳосили ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, вале барои ҲНИ ин фоҷеа дарси ибрат нагашт. Хостанд, ки бо дасти хиёнаткори Назарзодаҳо бори дигар Ватани тинҷу осудаамонро боз нотинҷ созанд.

Ҳар, ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Аз ин рӯ, мо, МТМУ №9, деҳаи Худгифи Эшонҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қотеъона гуфторҳои ғаразноки наҳзатиён ва ҳадафи нопоки онҳоро тавассути Шабакаҳои Интернетӣ, анҷуманҳои дуруғин ливои пуштибононаҳои маҳкум намуда, ба онҳо бо меҳнати ҳалолу маърифати созандагиву бунёдкорӣ ва ваҳдати пойдори кишвар посух медиҳем. Мардуми  шарифи Тоҷикистон  ба нақшаҳои ботили шумо, ҳадафҳои нопоки шумо дигар эътимод надорад. Миллати тоҷик тули асрҳо бо фарҳанги волои худ, бо донишу маърифати худ, бо таҳаммулпазирии худ, ки маншаъ аз китоби «Авесто» ва дини поки Ислом  мегирад, сазовори эҳтироми миллатҳои ҷахон буду ҳаст.

 

Мо омӯзгорон - узви ҷудонашавандаи ҷомеа Тоҷикистон зери Парчами Ватан, зери ливои инсонпарваронаи Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷон дар бадан дорем баҳри пешрафт ва гулгулшукуфии ин кишвар, ин марзу бум кӯшиш хоҳем намуд. Намегузорем, ки  суботу оромии ҷомеаи Тоҷикистон халалдор гардад ва ин Ватан, ин мулкро, агар лозим шавад, бо қимати ҷон дифоъ менамоем.

Ин хабар 169 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj