ВУСЪАТИ КОРҲОИ БУНЁДКОРӢ ВА СОЗАНДАГӢ БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Июн 06 2018
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Имрўз (05.06.2018) намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода Азизулло директории Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати кишвар  баҳри дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва амри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ташриф овард. Зимни ташриф дар толори хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо масъулин ва фаъолони ноҳия ҷаласа доир намуд.

 

Зимни ҷаласа Исматзода иброз дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, амри Ҳукумати кишвар, ки аз санаи 25- майи соли 2018 интишор гардидааст, аз ҳисоби аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шаҳру навоҳии мамлакат раисони  комиссия таъин ва сафарбар шудаанд, ки дар асоси он гуруҳҳои корӣ вазифадор гардидаанд, ки дар муҳлати 10 рўз дар тамоми маҳаллу деҳоти минтақаи вобасташуда дидан намуда, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва норасоии иншоотҳои иҷтимоию хизматрасониро муайян намоянд. Бо  амри Президенти кишвар директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ вобаста гардидааст. Ҳадаф аз ташкили гуруҳҳои корӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат ин дар амал татбиқ намудани дастурҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини мамлакат, аз ҷумла бунёди маркази саломатӣ бо таваллудхона, боғчаи кўдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дўзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ ва байни маҳалҳои аҳолинишин, инчунин гулкорию кабудизоркунӣ мебошад.

- То ҷашни 30- солагии Истиқлолияти кишвар, ки 3- соли дигар дар пеш аст, мо бояд якҷоя дар байни мардум корбарӣ намуда, чунин корҳои ободию созандагиро дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар амал татбиқ намоем. Тибқи нишондодҳои оморӣ 75- фисади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебарад, бинобар ин Пешвои миллат дастур доданд, ки барои мардуми деҳот шароити мусоид бояд фароҳам овард,- иброз дошт зимни суҳбат Исматзода Азизулло.

 Дар идома қайд намуд, ки ҳамаи корҳои ободонӣ ва созандагӣ баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад. Мо бояд то арафаи 30- солагии Истиқлолият дар маҳалҳо, сартарошхона, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, инчунин боғҳои истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъмири китобхонаҳо ва бо интернет васл намудани китобхонаҳоро дар амал татбиқ намоем.

Зимни ҷаласа масъулин ва фаъолони ноҳия аз чунин иқдом ҷонибдорӣ намуда, ваъда доданд, ки баҳри иҷрои дастурҳои Пешвои миллат дар маҳал корбарӣ менамоянд. Дар назар аст, ки директории Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода Азизулло баҳри вусъат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ бо сокинони ҷамоату деҳоти ноҳия тайи чанд рўз суҳбату вохўриҳо доир менамояд. 

Ин хабар 212 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj