АЗНАВСОЗИИ МАКТАБИ ДЕҲАИ ТУРО

Июн 06 2018
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Ин шабу рўзҳо бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ санаи 12.05.2018 бо фаъолони кишвар баён дошта буданд, дар ноҳия якчанд корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз ҷониби сокинони маҳалҳо ва бо ташаббуси мардони босаховат ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.

 

Бо ташаббуси марди соҳибдил ва ободгари деҳаи дурдасти ноҳия, раиси деҳаи Туро Ҳакимов Искандар ва бо дастгирии сокинони ин маҳал  дар ҷойи мактаби куҳнаи деҳа як мактаби нав бо 3 синфхона барои хонандагон ва омўзгорон бунёд намудаанд.

 - Бинои мактаби мо хеле фарсуда ва ҳам куҳна шуда буд. Дар зимистон хонандагон хунук мехўрданд. Ин масъаларо бо сокинони маҳал дар миён гузоштем, ҳама розӣ шуданд. Мактабро аз нав сохтем, 2 синфхона барои хонандагон ва як синфхонаи дигар барои омўзгорон,-мегўяд раиси деҳа Искандар Ҳакимов.

Мактаби деҳаи Туро филиали мактаби деҳаи Лангиф буда, хонандагон дар он то синф 5 таҳсил намуда, баъдан барои идома ба мактаби Ланглиф мераванд.

Норасоии синфхонаҳо ва таъмирталаб будани баъзе аз мактабҳо  яке аз мушкилоти асосии соҳаи маориф дар ноҳия ба ҳисоб меравад. Давоми чанд соли охир бо кўмак ва дастгириҳои сокинони деҳаҳо мактабҳои кўҳна азнавсозӣ ва синфхонаи иловагӣ барои хонандагон бунёд шудаанд, ки мушкили асосиро каме ҳам бошад бартараф намудаанд.

Деҳаи Туро яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Кўҳистони Масчо буда, 15 хоҷагӣ ва 96 нуфус дорад. Аз ин деҳа дар умум 21 нафар хонандаи мактаб ҳастанд, ки 7 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.

Ин хабар 209 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj