ТАРМА НАЗДИК БА 200 САР ГӮСФАНДРО БА КОМИ ХУД БУРД (Навшуда)

Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Бар асари боришоти барзиёд шоми гузашта наздик ба 200 сар гӯсфанд дар ағбаи Ғузни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зери тарма монда, талаф ёфтаанд.

 

Тавре раиси хоҷагии деҳқонии “Сурхкат”-и ҷамоати Иван – Тоҷик ба мо иттилоъ дод, дар ҳоли ҳозир сокинони деҳаҳои Ғузну Ғукати ҷамоати мазкур ба ҷустуҷӯи ду нафар чӯпон ба кӯҳ баромадаанд, ки тақдири онҳо ва боқимондаи гӯсфандон маълум нест.

-            Бо супориши раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода аллакай як гуруҳ сокинони деҳаҳо Ғузну Ғукат ба ҷустуҷӯи ду нафар чӯпон ва боқимондаи гӯсфандон ба сари ағба баромадаанд. Тақдири онҳо ҳанӯз маълум нест,-мегӯяд Мунавваршоҳ Мунавваров.

Ҳама сола дар фасли баҳор  дар моҳҳои май ва июн даҳҳо ҳазор сар гову гӯсфанд аз ноҳияҳои Масчоҳ ва Деваштичи вилояти Суғд ба чарогоҳҳои ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ оварда мешаванд.

Аҳмадов Саидҳаким як нафар чӯпон аз деҳаи Рогиф  дар як тамоси телефонӣ ба хабарнигори “Паёми Кӯҳистон” хабар дод, ки тайи 15 рӯз аст, ки беш аз 8 ҳазор сар гӯсфанд дар тагоби деҳаи Пакшифи ҷамоати Лангар бар асари номусоидии боду ҳаво ва боришоти зиёди барф дар мондаанд.

-           Тайи 15 рӯз аст, ки мо дар ағбаи деҳаи Пакшиф бо зиёда аз 8 ҳазор сар гӯсфанд дармондаем. Ин ҷо ҳаво хеле сард аст. Аз дишаб боз барф борида истодааст. Боришоти ду рӯзи охир роҳи ағбаро банд кардааст. Мо наметавонем ба чарогоҳҳои тобистонаи ноҳия Рашт гузарем. Замин барфпӯш шудаасту сабзаҳо зери барф мондаанд. Маҷбурем то боз шудани роҳи ағба аз сокинони маҳал барои гӯсфандонамон хошоки дурушт харем,-мегӯяд Аҳмедов Саидҳаким.

Саидҳаким Аҳмедов, ки беш аз 15 сол аст, ки чупонӣ мекунад, мегӯяд, ки бори аввал чунин номусоидии ҳаворо дар тагобаҳо мушоҳида кардааст.

 

Моҳи майи соли гузашта дар Ағбаи Оббурдони ноҳия бар асари боришоти зиёд ва сард шудани боду ҳаво беш аз 150 сар гӯсфанд аз сардии ҳаво низ талаф ёфта буданд.

Фитрати Ҳикмат

Ин хабар 379 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj