РАВАНДИ БОСУРЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ШАҲРАКИ МЕҲРОН

Июл 25 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки Меҳрон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули меҳмони олиқадр бунёди як қатор иншооти муҳими маъмуриу ҷамъиятӣ босуръат идома доранд.

 

Бинокорони ноҳия дар 12 иншооти ҷашние, ки дар шаҳраки Меҳрон бунёд ёфта истодаанд, ба таври шабонарӯзӣ машғули кор буда, талош доранд дар муҳлатҳои муқарраршуда бо сифати баланд корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд. Ба ғайр аз ин бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо роҳбарии раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода ва ташкилоту муассисаҳо ҳама рӯза зиёда аз 100 нафар барои дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонони олиқадр ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, роҳу роҳравҳоро тозаву озода менамоянд. Хурду бузурги сокинони ноҳия худро дар канор нагирифта, барои тозаву зебо ва озода нигоҳ доштани макарзи ноҳия – шаҳраки Меҳрон камари ҳиммат баста, дар ин ободкориҳо саҳм гузошта истодаанд.

Суратгузориши мо аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Меҳрон.

 

Ин хабар 179 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj