Изҳороти сокинони деҳаи Валиғонди Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба гузориши иғвоангезонаи сомонаи «Ахбор.ком»

Июл 31 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Мо сокинони деҳаи Валиғонд, Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамеша пуштибон ва ҳомии сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем ва ба Конунститутсия ва дигар Қонунҳои амалкунандаи давлатамон эҳтиром дошта, риояи онҳоро ҳатмӣ мешуморем.  Имрӯз таҳти ғамхори Пешвои муаззами имллат давлати мо дар фазои сулҳу суббот ва ҳамдигарфаҳмӣ дар масири рушду инкишоф қарор дорад.

 

    Боиси ифтихори ҳар як сокинони деҳаи мо аст, ки моҳи сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташрифашон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  ба деҳаи Валиғонд омаданд аз рафти кишти маҳсулотҳои кишоварзӣ дида намуданд.  Ҳамчунин бо сокинон аз наздик сӯҳбат карданд. Ин сафари  Сарвари давлат барои мо ифтихор аст, зеро дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.

    Чи тавре, ки маълум аст имсол низ Пешвои миллат ба ноҳия ташриф меоранд ва аз рафти кишти маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии деҳаи Роғ низ дидан менамоянд. Барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмонони олиқадр шпанги сайёре, ки дар деҳаи Валиғонд соли 2016 барои истиқболи Сарвари давлат муваққатан сохта буданд,  ба деҳаи Роғ бурда шуд. Ин шпанги сайёр моликияти ҳукумати ноҳия буда, муваққатан дар заминҳои ҳамдеҳаи мо Саиданвар Аҳмедов ҷой дода шуда буд. Ҳамдеҳаи мо, Саиданвар Аҳмедов, борҳо ба роҳбарияти ноҳия барои кандани шпанги сайёр барои пешгирии вайроншавиаш тариқи телефонӣ муроҷиат карда буд.

  Мо, сокинони деҳаи Валиғонд барои бурдани он ҳеҷ вақт зид набудем ва нестем. Мутаасифона, имрӯз дар сомонаи «Ахбор.ком»  дар хусуси бурдани он аз номи мо, сокинони деҳаи Валиғонд, маводҳои бардурӯғ навишта шудааст, ки гӯё мо аз бурдани он норозӣ ҳастем. Аммо дар воқеият ин ҳама тӯхмат ба халқ ва диёри мо аз тарафи ашхоси бадғараз мебошад, ки мехоҳанд ба мардуми ин диёр тӯҳмат зананд ва мардумро дар назди давлат бадном намоянд. Ҳамаи он суханҳое. ки дар гузориши «Ахбор.ком» оварда шудааст, онҳоро инкор менамоем. Ҳамаи гуфтаҳои гузориши «Ахбор.ком» беасос буда, андешаҳои мо сокинон нисбати давлат дар воқеият дигар аст. Яъне мо шукронаи оромӣ, озодӣ, ободӣ ва пешрафти давлатамон мекунем.  Гурӯҳҳои манфиатҷу бо пахши чунин гузориши беасос мехоҳанд, ки обуру ва шарафи моро дар назди давлат паст зананд. Аммо мо ба чунин изҳоротҳои бардуруғ иҷозат намедиҳем, балки барои пешрафти давлат омодаи хизмат мебошем.

      Таҳти ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ноҳия имрӯз дар деҳаи мо сохтмони мактаби нав барои 240 нафар хонанда ба нақша гирифта шудааст, ки корҳои сохтмонии он оғоз ёфтаанд. Мо, шукрона аз сиёсати имрӯзаи давлат мекунем ва тарғиби андешаҳои бардурӯғу беасосро маҳкум менамоем.

     Онҳое. ки аз номи мо сокинони деҳаи Валиғонд  гуфтаҳои беасосро дар сомона «Ахбор.ком»  нисбати давлат ва Ҳукумат овардаан, бигзор дарёф ва дар назди қонун ҷавоб диҳанд.

    Шиори мо ин аст, «Ҳамеша давлати мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат поянда ва шукуфон бошад».

    Бо эҳтироми самими кулли сокинони деҳаи Валиғонд.

Ин хабар 17 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj