КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ ИДОМА ДОРАНД

Август 01 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонони олиқадр корҳои ободониву созандагӣ бо суръат идома доранд.

 

Субҳи имрӯз сар аз соати 6:30 бинокорон ва кормандони МИҲД-и ноҳия ва сокинони ҷамоатҳои деҳот беш аз 150 нафар ба ҳашари умумӣ баромада, барои дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои созтмонии иншооти ҷашнӣ камари ҳиммат бастанд.

То имрӯз бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия майдони нишасти чархбол дар маркази ноҳия тахту ҳамвор карда, ду адад зинапоя омода карда шавад ва ду тарафи роҳрав аз чархбол то роҳи аосии ноҳия дарахтони ороишӣ ва гулҳо шинонида шаванд. корҳои тахту ҳамвор намудани маркази ноҳия, назди биноҳои ҷашнӣ, шинонидани дарахтони сояафкан ва гулҳои ороишӣ то санаи 5 август бо сифати баланд ба охир расонида шаванд.

Ин хабар 64 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj