ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ БО ИШТИРОКИ СОКИНОН ВА КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО ДАР ШАҲРАКИ МЕҲРОН

Август 02 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Бо мақсади тақвияти корҳои сохтмони ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ дар шаҳраки Меҳрон  аз ҳасоби сокинони ноҳия ва кормандони ташкилоту муассисаҳ нерӯҳои иловагии корӣ ҷалб карда шудаанд.

 

Дар ин бора муовини аввали раиси Тоҳир Азиззод ба хабарнигори рӯзномаи “Паёми Кӯҳистон”иттилоъ дод.

Гуфта мешавад нерӯҳои иловагии корӣ аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои тахту ҳамквор намудани назди биноҳои иншооти ҷашнӣ, канораҳои роҳ, рангу бор намудани дарахтон, насби шиору овезаҳо ҷалб карда шуда, ба раванди корҳои сохтмонӣ тақвият бахшида шудааст.

-                     Дар шаҳраки Меҳрон сохтмони як қатор иншоот ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта истодаанд, ки як қисмати он бояд дар моҳи август бо иштироки меҳмонони олиқадр мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Вақти хеле кам боқӣ мондааст. Мо аз ҳисоби кормандони ташкилоти муассисаҳо кувваҳои иловагии корӣ ҷалб кардаем ва корҳо ҳамарӯза дар сатҳи баланд идома ёфта истодаанд. Умед дорем иншооти ҷашниро дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонида ба истифода диҳем,-гуфт дар суҳбат Тоҳир Азиззода.

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолият бунёди 108 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки беш аз 12-то ин иншоот дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон бунёд мешаванд.

 

Ин хабар 176 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj