ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ

Август 08 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Бинокорони ширкати сохтмонии ҶДММ “Сохтмон” ин шабу рӯзҳо талош доранд пеш аз муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд бинои нави Беморхонаи Марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрон бо дастгирии молии ҳукумати вилояти Суғд бунёд шуда истодааст, ба анҷом расонанд.

 

Ҳама рӯза беш аз 80 нафар бинокорони ин ширкати сохтмонӣ ба таври шабонарӯзӣ дар сохтмонии ин бино кор карда истодаанд.

Тавре аз идораи сохтмони асосии ноҳи иттилоъ доданд беш аз 80 дарсади корҳои сохтмонии бино ба анҷом расида, корҳои пардозгариву рангубори ҷараён доранд.

Беморхонаи марказӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои 40 кат мебошад.
Ҳангоми ташрифи раиси вилояти Суғд Раҷаббой А
ҳмадзода дар моҳи августи соли гузашта ба баёнди Беморхонаи марказии ноҳия дар шаҳраки Меҳрон санги асос гузошта шуда буд.

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёди 108 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки беш аз 10 адади он дар соҳаи тандурустӣ бунёд хоҳанд шуд.

Беҳзод Ҷумъазода

 

Ин хабар 151 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj