Хоин ҳамеша паймоншикан аст

Сентябр 25 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Дар фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик   мафҳумҳои бегонапарастӣ, ҷудоихоҳӣ, тафриқаандозӣ, иғво, нохалафӣ, паймоншиканӣ ва дигару дигар умуман ҷой надошт ва ҳамеша ба муқобили чунин падидаҳои номатлуб муборизаи беамон бурда мешуд.

 

         Миллати мо бо чунин фарҳанги воло ва корҳои созандагӣ дар таърих мавқеи хосаро пайдо намудааст.  Ҳамин аст, ки тоҷиконро ба ҳайси миллати тоҷдор, давлатдору давлатсоз, бомаърифату  ботаҳаммул ва худшиносу худогоҳ мешиносанду этироф мекунанд.  

     Мавқеъ пайдо кардан бо чунин хислатҳо, албатта кори саҳл нест, барои ноил гардидан ба чунин мартаба, албатта аҷдодони мо мушкилотҳои зиёдеро паси сар намуда, аз имтиҳонҳои сангини таърих борҳо гузаштаанд ва пас аз тай намудани пайроҳаҳои пурпечу фароз чунин обрӯ ва эътиборро  ба даст оварданд.

     Вазифаи асосии мо, насли имрӯза, гиромидошти мавқеи гузаштагон ва расидан ба қадри хизмати аҷдодони диловарамон ҳаст.  Барои беолоиш ба ояндагон мерос гузоштани номи поки гузаштагон аз ҳама кори душвор, вале бо ифтихор аст.

     Мутаассифона, имрӯз дар миёни мо хастанд нафароне, ки ба қадри чунин шоҳкориҳои гузаштагон намерасанд ва барои андак чиз обрӯ ва эътибору шарафи инсонию имониашонро фидо месозанд, ки албата ин кори нобахшиданист.

      Имрӯзҳо хоинони зархарид ва беномус дар Варшава гуфтугузоре намудаанд, ки гуё бо ин корашон дар байни ҷомеа обруй пайдо мекунанд. Нохалафон бояд хуб бидонанд, ки он хиёнате, ки ба давлату миллат ва мардуми босаодати тоҷик солҳои 90-ум карданд, фаромӯш накардааст ва дигар фиреби ингуна хоинонро нахоҳад хӯрд. Маҳз ҳамин кори шайтонсифатии шумо буд, ки ҳазорҳо нафар қурбон гардид, иқтисодиёти  Тоҷикистон касод шуд, ҳазорҳо нафар ятим ва ҳазорҳо нафар бехонаву дар монданд. Магар ҳамин хоиниатон басанда набуд, ки боз мехоҳед ба сари миллат бало оред?!

     Паймоне, ки ин хоинони дар хориҷи кишвар бо ҳамдигар бастаанд, асло пойдор нахоҳанд монд ва ин паймон паймони хиёнат бар ватану миллат аст. Хоин ҳамеша паймон шикан аст.

Шокир Шарифов,

омӯзгор.

н. Кӯҳистони Мастчоҳ

Ин хабар 408 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj