Гусели ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар

Сентябр 30 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Имрӯз (30.09.2019) дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як гуруҳ ҷавонони синни даъватиро бо тантана ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гусел намуданд.

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода зимни суханронӣ хизмати ҳарбиро мактаби ҷасорату мардонагӣ унвон карда зикр намуд, ки нангу номус ва орияти ватандорӣ, ки яке аз омилҳои асосии бақои давлат аст, дар ботини ҷавонони саодатманду вафодори миллати тоҷик, ки имрӯзҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми давлат адои хизмат карда истодаанд, маскан гирифтааст, ки аз ин сифати воло ҷавонони масчоҳӣ низ хело хуб бархурдор мебошанд.
- Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор ва нишони садоқату эҳтиром ба давлат буда, барои тарбияи сиёсию ватанпарастии ҳар як фарди боимон ва ватандӯст нақши босазо мегузорад,-таъкид намуд раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода.
Баъдан Муҳаммадҷобир Раҷабзода аз падару модароне, ки фарзандонашонро дар руҳияи ватанпарастиву меҳандӯстӣ тарбият намуда, аз аввалинҳо шуда фарзандонашонро ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ фиристодаанд, изҳори ташаккур ва миннатдорӣ баён намуд.
Дар идома падари як ҷавонон Ҳокимбек Қосимбеков зимни суханронӣ изҳор дошт, ки мо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҷонибдорӣ мекунем ва бо ин мақсад, мо, мардуми ноҳия, фарзандони худро барои дифои ин марзу бум мефиристем. “Хизмат ин қарзи муҳими шаҳрвандии ҳаряк ҷавонмард аст.”,-зикр намуд ӯ.
Сипас раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода аз рафти даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ изҳори қаноъатмандӣ намуда, ба наваскарон туҳфаҳои хотирмон тақдим кард.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои 24894 нафар аҳолӣ буда, аз ин миқдор 12502 нафарашро мардон ва 12392 нафарашро занон дарбар мегиранд. Шумораи ҷавонон дар ноҳия 10462 нафар буда, аз ин теъдод 5293 нафарро писарон ташкил медиҳад.

 

Ин хабар 49 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj