Таҷлили Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгор дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ

Октябр 03 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Санаи  3 октябри соли 2019 дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба муносибати ҷашнҳои Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор чорабинии бошукӯҳ доир гардид.

 

Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода иштирок ва суханронӣ намуд.

 Нахуст Раиси ноҳия паёми табрикии хешро ба муносибати Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгор ироа карда зикр намуд, ки забони давлатӣ дар ҳама давру замонҳо забони давлатдорӣ буда, яке аз падидаҳои тамаддунофари даврони Истиқлолият низ маҳсуб ёфта, ҳамчун як рукни  асосии давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати тоҷик нақши муҳим мебозад.

Таъкид карда шуд, ки омӯзгор ва фарди донишманд барои ҳар як миллату давлат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои созандагӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин омӯзгоронро зарур аст, ки дар кори худ содиқ бошанд ва барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва расидан ба дастовардҳои бузург талош намоянд.

Котиби комиссияи татбиқи забони давлатӣ дар ноҳия Раҳмонбой Қозиев доир ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», забони коргузории баъзе аз ташкилоту муассисаҳо, номгузории маҳалҳо суханронӣ намуда, аз масъулин тақозо кард, ки ба риояи қоидаҳои забон зимни коргузорӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.

  Ҳамчунин дар ин чорабинӣ бахшида ба рӯзи касбии омӯзгорон ба чанде аз омӯзгорон пурмаҳсул ва пуртаҷриба аз ҷониби раиси ноҳия бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 Саидвоҳиди Қосим

Ин хабар 442 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj