Машврат оид ба ҳифзи ҳуқуқи қудакон

Октябр 09 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

  Рӯзи 9 октябри соли 2019 дар толори хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистонм Масчоҳ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Раҷабмо Ҳабибуло ба масъулин ва фаъолони ноҳия  машварат доир намуд.

 

 Дар ҷараёни машварат Ҳабибулозода Раҷабмо доир  ба ваколатҳои худ, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, масъулияти падару модар, ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакон, таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон, ғамхори ба кӯдакони маъюб  ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро суханронӣ намуд.

 Ҳабибулозода Раҷабмо дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Паёми Кӯҳистон» гуфт: «Тули 2 рӯз аст, ки мо як гуруҳи кор дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ қарор дорем. Дар ин сафар аз муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабии ноҳия дидан намуда, аз вазъи кӯдакон ва ҳуқуқҳои онҳо аз наздик  шинос шудем. Боздиди мо аз муассисаҳои таълимии ноҳия идома дорад.  Ҳадафи асосии мо дар робита ба он дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, инчунин иҷрои нақшаи миллӣ амалҳо оид ба татбиқу тавсияҳои Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки СММ ва  нақшаи комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак  мебошад.  Мо омадаем, ки дар маҳал аз наздик  аз вазъи ҳуқуқи кӯдакон шинос шавем, ба масъулин, фаъолон ва волидайн ҳуқуқи кӯдакро фаҳмонем ва аз ҳама муҳим фарҳанг ва механизми ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро дар амал татбиқ  намоем.»

Саидвоҳиди Қосим

Ин хабар 449 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj