ДАР ДЕҲАИ ПАЛДОРАК МАКТАБИ НАВ БУНЁД МЕШАВАД

Ноябр 16 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Бунёди муассисаҳои таълимии нав дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ яке аз сиёсатҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо ин мақсад дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бунёди якчанд иншоот дар соҳаи маориф ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

 

Санаи 15 ноябри соли равон дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – деҳаи Палдорак бо иштироки Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода барои бунёди муассисаи таълимии нав барои 240 мактабхон санги асос гузошта шуд.

Маблағгузори лоиҳаи мазкур (зиёда аз 2млн.сомонӣ) аз ҷониби Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, пудратчии он ҶДММ"Зокирзода"мебошад. Бинои мактаб аз ду ошёна ва барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки бинои кӯҳнаи мактаби ин деҳа солиёни зиёд дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва зарурияти азнавсозии мактаб ба миён омад.

Раиси ноҳияи Муҳаммадҷобир Раҷабзода зимни гузоштани санги асоси мактаби мазкур зикр намуд, ки  муассисаи таълимӣ дар асоси дастур ва вазифагузориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 иншоот бунёд гардида, дар бисёре аз деҳаҳаои дурдасти ин ноҳия мактабҳои нави замонавӣ сохта мешаванд.

Ин хабар 399 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj