БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ДЕҲАИ ТАБУШН ЯК БУНГОҲИ ТИББӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Ноябр 18 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Бо мақсади беҳтар намудани  хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва бахшида ба таҷлили Рӯзи Президент дар деҳаи Табушни ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 

Бунгоҳи тиббии мазкур аз ҷониби идораи минтақавии Барномаи рушди  Созмони Милали Муттаҳид дар водии Зарафшон ва дар доираи Барномаи таҳкими низоми тандурустӣ  бо дастгирии молиявии Иттиҳоди глобалӣ доир ба ваксинаҳои эмгузаронӣ татбиқ гардида, санги асоси он дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли равон гузошта шуда буд. Пудратчии иншоот ҶДДМ "Чашма " дар муддати на чандон тӯлонӣ корҳои сохтмониро бо сифати аъло ба сомон расонид.

 Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода зимни ифтитоҳи бунгоҳ ба саҳму фаъолияти масъулони лоиҳа баҳои баланд дода,чун нишони қадрдонию эҳтиром Менеҷери лоиҳа Далер Назаров ва сохтмончиёнро бо Ифтихорнмаю Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Бояд қайд намуд, ки Барномаи СММ дар водии Зарафшон солиёни зиёд дар Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолияти пурмаҳсул дорад. Тули ин солҳо лоиҳаҳои зиёди ҳаётан муҳиму мухталифро амалӣ намудааст. Худи ҳамин сол бо дастгирии БРСММ  5 лоиҳа татбиқ шудааст, ки аз ин ҳамкории судманд Ҳукумат ва аҳолии ноҳия қаноатманду сипосгузоранд. Менеҷери Барнома Далер Назаров низ дар баромадаш аз дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҳамкориҳои пурмасъули аҳолӣ изҳорӣ қаноатмандӣ намуд.


Бунёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ чанд сол аст, ки аз ҷониби раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода диққати махсус дода мешавад. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои роҳбарияти ноҳия соли равон бо дастгириии молиявии ҳукумати вилояти Суғд дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон бинои нави Беморхонаи марказӣ сохта бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи августи соли равон ба истифода дода шуд.

Озодбахт Саидбоқизода як  фаъоли деҳаи Табушн дар суҳбат бо рӯзномаи “Паёми Кӯҳистон” гуфт, ки бо баробари бунёди ёфтани Хонаи саломатии наву замонавӣ дар деҳаи Табушн бисёре аз мушкилиҳои соҳаи тибро дар деҳаҳои дурдасти ноҳия бартараф мекунад:

-  Бунёди як бунгоҳ ё хонаҳои саломатӣ дар як гӯшаи дурдасти ҷумҳурӣ барои мардуми ноҳияамон туҳфаи арзишмандест, ки бо баробари ба кор оғоз карданаш метавонад садҳо мушкилоти соҳаи тибро аз байн барад. Набудани таҷҳизоти нави тиббӣ барои ташхис ва муоинаи бисёр бемориҳо мардум сарсону саргардон роҳи дуру дарозеро тай карда, ба беморхонаҳои пойтахти кишвар ва ё дигар беморхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят мераванд.  Хонаи саломатии мазкур бо баробари ба кор оғоз карданаш метавонад ҳам ин мушкилотро аз байн барад ва ҳам ҷойҳои нави кориро фароҳам созад,- афзуд дар суҳбат бо мо Озодбахт Саидбоқизода.

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ айни замон 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот барои аҳолӣхизмат намуда истодаанд.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бунёди беш аз 10 иншоот дар соҳаи тибро ба нақша гирифтааст, ки онҳо, аз чумла бунёди беморхонаҳои нав, сохтани бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот ва ворид намудани таҷҳизоти нави тиббиро дарбар мегиранд.

Ин хабар 192 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj