Таҷлили Рӯзи Парчам

Ноябр 24 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Рўзи 23-ноябри соли 2019 ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ шаҳраки Меҳрон  масъулин, фаъолон ва хонандагони муасссисаҳои таълимӣ роҳпаймоӣ намуданд.

 

Суҳби имрўз маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон серодам ва идона ба назар мерасид. Масъулин ва фаъолон дар боғи Парчами назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъ омада, ба ифтихори ин рамзи муқаддас Парчами давлати роҳпаймои намуданд. Ин роҳпаймои дар назди бинои МИҲД-и ноҳия то назди бинои Қасри фарҳанг сурат гирифт. Сипас дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ба ифтихори Рўзи Парчами давлатӣ ҷамъомади тантанави доир гардид. Дар ҷамъомад Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Сардори муассисаи давлати хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят Ҳоҷарой Латифӣ масъулин ва фаъолон ширкат доштанд.

 

Нахуст Раиси ноҳия ба сухан баромада аҳли нишаст ва дар симои онҳо кулли сокинони ноҳияро ба муносибати Рўзи Парчам табрик намуд. Аснои сухани табрики Муҳаммадҷобир Раҷабзода  таъкид дошт, ки дар ҳама давру замон Парчам рамзи муқаддаси соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии ҳар як давлатро таҷассум намудааст.

-       Парчами давлатии мо дар замоне қабул гардид, ки вазъияти кишвар ноором буд. Бо шукргузории аз кишвари соҳибистиқлол, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар болои биноҳои давлати ва боғу гулгаштҳо Парчами давлати қомат афрохта рамзи соҳибихтиёрии кишвари моро ҷилвагар кардааст,- гуфт дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода.

 Сипас намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, Сардори муассисаи давлати хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят Ҳоҷарой Латифӣ ба сухан баромада, паёми табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон қироат намуд. Дар охир барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро гуворо намуд.

Саидвоҳиди Қосим 

Ин хабар 79 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj