МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ КЎҲИСТОНИ МАСЧОҲ

Ноябр 24 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Санаи 23-ноябри соли 2019 дар толори Қасри фарҳанг таҳти раёсати Раиси ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои қудратӣ ва фаъолон  ҷаласа  доир гардид.

 

 Дар ин ҷаласа  масъалаи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз санаи 15.11.2016 №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва эстремизм барои солҳои 2016-2020», иҷро намудани дастурҳои Раиси вилояти Суғд, масъалаи корҳои ободониву созандаги ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҷори матраҳ карда шуданд.  

Доир ба  масъалаи терроризм ва экстремизм ва иҷрои фармони Президенти мамлакат, инчунин  иҷрои даструҳои Раиси вилоят, нахуст муовини аввали Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода  муфассал баромад намуд. Гуфта шуд, ки террориз ва экстремизм инчунин ҳизбу ҳаракатҳои бегнона яке аз амалҳои номатлуб ва хатарнокаст, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин гуруҳҳои бо истифода аз номи дини Ислом  мардум ба хусус ҷавоноро ба равияи номатлуби худ ҷалб менамоянд ва мафкураи онҳоро вайрон мекунанд. Имрўзҳо яке аз роҳҳои ҷалби одамон ба хусус ҷавонон ба ин равияиҳои номатлуб ба воситаи интернет сурат мегирад. Дар ҷаласа гутфта шуд, ки бояд аҳли ҷомеа якҷоя  барои пешгири аз ин омилҳои номатлуб мубориза баранд. Яке аз омилҳои дигари махсусан ба амалиётҳои ҷалб намудани одамон ин ҷиҳод ва шаҳид шудан дар роҳи Худо будааст, ки гуё ҳар фарде ба амали онҳо ҳамроҳ шавад агар бимирад шаҳид мешавад. Доир ба арзишҳои дини Ислом ва ҷиҳоду шаҳид шудандар роҳи Худо,  Сархитиби ноҳия Мирзоолим Азимов ба суханрони кард. Ӯ гуфт, ки ҳадафи дини Ислом қатлу куштор ва ба ваҳшат кашонидани мардум нест. Ин амалҳое, ки ҳамарўза ин гуруҳои нохалаф дар саросари ҷаҳон анҷом медиҳанд ҳеҷ рабте ба Ислом надорад. Ҳамчунин доир ба дигар паҳлуҳои масъала муфассал суханрони намуд. Раиси ноҳия дар ин замина ба фаъолон сохторҳо ва ба хусус ба имохатибон дастур дод, ки дар мавъиҳояшон ҳамарўза ин маъаларо матраҳ намоянд то аҳли ҷомеа ба хусус ҷавонон  фирефтаи ин гуруҳҳои ифроти нашаванд. Дар маҷлиси фаъолон дигар масъалаҳои ҷори низ мартраҳ гардиданд. Гуфта шуд, ки дар заминаи иҷрои Фармони Президенти кишвар ва иҷрои супоришҳои Раиси вилоят дар ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ нақшачорабиниҳо таҳия шуда, дар ҷамоату деҳоти ноҳия 25-гуруҳҳо ташкил карда шудааст. Гуруҳҳои ташкилкарда шуда, доир ба масъалаи хатарҳои ҷаҳони муосир терроризм ва эстермизм, ҳизбу ҳаракатҳои бегона пешгирии сокинони ноҳия ба хусус ҷавонон аз ин равияҳои номатлуб дар ҳудуди ноҳия мунтазам корбари менамоянд. Дар ин ҷаласа масъулин ва фаъолон аз ҷониби Раиси ноҳия Муҳуммадҷобир Раҷабзода вазифадор карда шуданд, ки дар ҳудуди ноҳия корро нисбати мубориза алайҳи терроризм ва эстремизм, хатарҳои ҷаҳони муосир пурзур ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳоли ҷоннок намоянд.

Саидвоҳиди Қосим

Ин хабар 73 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj