БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ПУЛИ ВОДИФ

Ноябр 30 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода  бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии як қатор иншооти ҷашнии ҷамоати деҳоти Лангар, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешаванд, боздид намуд.

 

Муҳаммадҷобир Раҷабзода зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла аз сохтмони пули деҳаи Водифи ҷамоати Лангар аз наздик шинос шуда, барои дар муҳлати муайян ва босифат анҷом додани сохтмон он дастуру супоришҳои мушаххас дод. Зикр карда шуд, ки сохтмони пули мазкур ҳарчи зудтар ва бо сифати аъло ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки пули деҳаи Водиф дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирии раиси вилояти Суғд муҳтарам раҷаббой Аҳмадзода ва бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии вилояти бо харҷи 473 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҶДММ “Холиқовҳо”бунёд мешавад.

Пули мазкур тобистони соли 2018 бо сабаби аз меъёр зиёд шудани гармии ҳаво, ки боис ба обхезии маҷрои дарёи зарафшон гардида буд, пурра хароб шуда буд.

Пули нави деҳаи Водиф аз сатҳи об дар баландии 9 метр, бо дарозии 24 метр ва бо паҳноии 4 метр сохта мешавад, ки он қудрати бардошти то 60 тонна борро дорад. Аз ин пул сокинони се деҳа: Водиф, Деҳҳав ва Деҳҳисор истифода мебаранд.

Тӯли 70 соли даврони Шӯравӣ ва 25 соли замони Истиқлолияти кишвар сокинони ин деҳоти дурдасти ноҳия аз пуле истифода мебурданд, ки 4 метр дарозӣ ва 2 метр бар дошт. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони ин се деҳа пули 24 метра бунёд шуда истодааст.

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ айни замон 18 пулҳои мошингузар мавҷуданд, ки бисёре аз онҳо бар фарози рӯди зарафшон бунёд гардида, деҳоти соярӯи ноҳияро бо деҳаҳои офтобрӯя мепайванданд.

Ин хабар 80 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj