ВОХӮРӢ БО АҲОЛИИ ДЕҲОТИ ДУРДАСТ

Ноябр 29 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи омодагиҳои аҳолии деҳоти дурдасти ноҳия ба мавсими зимистон санаҳои 28 ва 29 ноябри соли равон бо сокинони деҳаҳои Самҷон, Худгифи Боло, Ланглиф, Туро, Водиф ва Деҳҳавзу Деҳҳисор вохӯрӣ намуд.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ Муҳаммадҷобир Раҷабзода аз вазъи зимистонгузаронии аҳолии ин деҳот ва мушкилотҳои мавҷуда дар ин самт  пурсон шуд.  Зикр карда шуд, ки маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар якчанд деҳаҳои дурдасти ноҳия ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди мактабҳои нав, бунгоҳҳои тиббӣ, толор ва майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин дидор ҳамчунин раиси ноҳия  Муҳаммадҷобир Раҷабзода аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26.12.2018 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, ёдовар шуда, доир ба ободкориву созандагӣ, рушди деҳот ва сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ кард.

 

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин раиси ноҳия ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳ намуда иброз дошт, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби соҳибкорон барои бунёди иншоотҳо ва ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ чораҳои зарури андешида шудааст. Дар ин замина раиси ноҳия таъкид намуд, ки аз ҷониби ҳукумати ноҳия бо соҳибкорон мулоқотҳои доир шуда, барои рушди деҳот саҳм гузоранд ва дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар зодгоҳи худ сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар марказҳои хизматрасонии  ба аҳли деҳа самароварро бунёд намоянд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои терроризм, эстремизм ва  дигар ҷараёну равияҳои номатлуб, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд, низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода аз ҳодисаи террористие, ки санаи 6 ноябри соли равон дар ноҳия Рӯдакӣ  ба вуқуъ пайваст низ ёдовар шуда, аз сокинон даъват намуд, ки ба фарзандонашон, ки дар муҳоҷиратӣ меҳнатӣ қарор доранд,  пайваста дар иртибот бошанд ва онҳоро шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ боз доранд.

Ин хабар 103 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj