БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИИ НОҲИЯ КӮҲИСТОНИ МАСЧОҲ

Декабр 11 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Имрўз (11.12.2019) дар толори хӯрди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ Иҷлосияи 20-уми (ғайринавбати даъвати панҷум)-и маҷлиси вакилони халқии ноҳия баргузор гардид. Дар кори иҷлосия раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода, вакилон ва фаъолони ноҳия ширкат доштанд.

 

Дар иҷлосия вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зикр гардид, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, №1380 “Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, интихоботи даъвати навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба имзо расидааст. Бинобарон Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро лозим аст, ки вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия барои даъвати навбатӣ қарори дахлдори хешро ба тавсиб расонанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд. Лоиҳаи қарор аз ҷониби вакилони халқи ноҳия тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин дар Иҷлосияи ғайринавбатӣ вакилони халқ масъалаи тасдиқи ҳайати комиссия интихоботии ноҳия, тасдиқи ҳавзаҳо баррасӣ гардиданд.

 Дар Иҷлосия вакилони халқ изҳор доштанд, ки комиссияи интихоботии ноҳиявӣ фаъолияташро дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда, шаффофияти интихоботро таъмин намояд.

   Саидвоҳиди Қосим

Ин хабар 324 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj