ШУЪБАИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ДЕҲАИ РОҒ СОҲИБИ ЯК АДАД МОШИНИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ ШУД

Декабр 17 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

 

Тибқи дастуру супоришҳо ва ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, баҳри беҳтар намудани некуаҳволии мардум, алалхусус дар соҳаи тандурусти дар ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ корҳое назаррасе ба анҷом расида истодаанд. Бо ин мақсад давоми моҳия декабри соли 2019 ба шуъбаи беморхонаи марказии ноҳия воқеъ дар деҳаи Роғ як адад мошини ёрии таъҷили аз ҳисоби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дастрас карда шуд.

 

Гуфтан ба мавридаст, ки ин шуъбаи табобати  дар арафаи ташрифи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ  санаи 20-августи соли ҷорӣ мавриди баҳрабардори қарор дода шуд. Он дорои 10-ҳуҷра аз қабили ҳуҷраи бемориҳои дарунӣ, кўдакона, ултурасадо, доругузаронӣ, таҳлилгоҳ  ҳуҷраи хатна  ва ғайра иборат буда, инчунин бо  15- кати хоб муҳайё мебошад. Шифохонаи деҳаи Роғ бо дастгирии молиявии  БРСММ бо маблағи 700-ҳазор сомони сохта шуда бо таҷҳизотҳои замонави муҷаҳҳаз мебошад.

 Фатҳуллоев Шукур сардухтури ноҳия гуфт: - Шуъбаи беморхонаи маркази дар деҳаи дурдасти ноҳия деҳаи Роғ  замонави сохта шуда ҳамаи таҷҳизотро дорост. Барои ин манотиқи дурдаст мошини ёрии таъҷили хеле зарур буд. Инаст, ки  бо иқдомҳои Роҳбарияти Олии мамлакат ва дастгирии БРСММ ба ин шифохона як адад мошини ёрии таъҷили дастрас карда шуд, ки баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии тибби ба аҳоли мусоидат хоҳад кард. Дар идома зикр кард, ки айниҳол дар ҳудуди ноҳия  як беморхонаи марказӣ, 5-марказҳои саломатии деҳот, 12- бунгоҳҳои тиббӣ амал мекунанд. То имрўз дар ноҳия 3 мошини ёрии таъҷили ҳамарўза ба мардум хизматрасони мекарданд.  Бояд гуфт, ки БРСММ дар ноҳия на танҳо дар сохтани як беморхона инчунин дар сохтмони чандин иншоотҳои дигар  дар ҳудуди ноҳия саҳм гузоштааст.

Мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳия Саидов Ҷаҳоншер дар суҳбат ба «Паёми Кўҳистон» гуфт:

- БРСММ баҳри рушду пешрафти ноҳия корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Алалхусус дар давоми соли 2018 дари деҳаи Худгифи боло бо маблағи 560-ҳазор сомонӣ як бунгоҳи тиббии замонави сохта ба истифода дода шуд. Дар соли 2019 Шуъбаи беморхонаи маркази деҳаи Роғ бо маблағи 700-ҳазор сомони сохта шуд, инчунин бо дартгирии молиявии ҳамин барнома  як бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Табушн  бо маблағи 652-ҳазор сомони ба истифода дода шуд.

Ҷаҳоншер Саидов таъкид дошт, ки Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар баробари беҳтар намудани  хизматрасонии тиббӣ дар манотиқи кўҳистон, барои беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф дар ноҳия дастгирии молияви мекунад.  Аз ҷумла давоми соли ҷори муассисаи таълими дар деҳаи Хайробод бо маблағи 549-ҳазор сомонӣ ва як ҳоҷатхонаи замонави бо маблағи 120-ҳазор сомонӣ аз ҳисоби БРСММ сохта шудаанд, ки ба наздики мавриди баҳрабардори қарор дода мешавад. Ба иттилоъи манбаъ БРСММ дар соли 2020 дар ҳудуди ноҳия як адад бунгоҳи тиббиро азнавсози ва як  таъмири як адад бунгоҳи тиббиро дар назар гирифта, инчунин дар деҳаи Пастиғав бо дастгирии молиявии Барномаи мазкур маркази компиютери ташкил хоҳад шуд.  

  Саидвоҳиди Қосим

 

Ин хабар 39 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj