ДАР КЎҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТРО МУСТАҚИМАН ТАМОШО КАРДАНД

Декабр 26 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Имрӯз (26.12.2019) сокинони ноӣияи Кӯҳистони Мастчоҳ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон якдилона тамошо намуданд.

 

Дар маҷлисгоҳи хурди  МИҲД-и ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода ва кормандони ташкилоту сохторҳои гуногуни ноҳия, мустақиман Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд. Ҳамчунин тибқи нақшаи таҳия намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дар ҷамоату деҳоти ноҳия дар муассисаҳои таълимию тандурусти масъулин ва фаъолони ноҳия шароит фароҳам оварда дастаҷамъона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро мустақиман тамошо намуданд.

Маъмулан ҳамасола дар моҳи декабр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он натиҷаи фаъолияти солонаи кишвар ва нақшаю дурнамои созандагии мамлакат барои солҳои баъдӣ аз ҷониби Роҳбари давлат бозгуйӣ карда мешавад. Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар тамоми бурду бохт ва роҳҳои расидан ба ҳадафҳои созандагию бунёдкорӣ, инчунин беҳбуд бахшидани сатњи некуаҳволии мардумро баён намуданд.

Саидвоҳиди Қосим

Ин хабар 268 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj