ВОХУРИИ САРДОРИ ШВКД-И НОҲИЯИ КЎҲИСТОНИ МАСЧОҲ БО ҶАВОНОН

Декабр 28 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Имрўз(28.12.2019) бо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар маҷлисгоҳи шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ вохўрии сардори шуъба, подполковники милитсия  Насимзода Қосим бо кормандони ғайриштатии милитсия, гуруҳи ҷавонони Авангард ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ баргузор гардид

 

Дар ин вохўрӣ сардори ШВКД-и ноҳия Насимзода Қосим доир ба хатарҳои ҷаҳони муосир, афзудани сафи аъзои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз ҳисоби ҷавонон ва амалҳои террористию экстремистӣ дар кишварҳои хориҷ изҳори назар кард. Номбурда зимни суханронӣ зикр намуд, ки имрўз терроризму экстремизм як қатор давлатҳои дунёро ба ташвиш оварда, кишварҳои абарқудрати ҷаҳон баҳри решакан кардани ин гуруҳҳои ифротӣ чораҳо андешида истодаанд. Аз ҷумла мавсуф изҳор дошт, ки созмонҳои террористӣ дар замони муосир доманаи фарохтаре паҳн намуда, сол аз сол шеваҳои нави даҳшатафканиро барои баҳшарият роҳандозӣ мекунад.

Насимзода Қосим њамчунин доир ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020, ки бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 ноябри соли 2016, №776, тасдиқ гардидааст, ёдовар шуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки содиќона ба давлату миллати худ хидмат намоянд.

Ҳамчунин дар ҷараёни суханронӣ сардори ШВКД-и ноњия ба риояи қонуну тартибот, роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ, тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ, дар амал иҷро намудани амру дастурҳои Роҳбарияти Олии мамлакат ба иштирокчиёни ҷамъомад таъкид дошт. 

Сипас  байни Сардори ШВКД-и ноҳия ва иштирокчиёти ҷамъомад суҳбати ошкоро ва саволу ҷавоб сурат гирифт, ки аҳли нишаст аз ҷониби Насимзода Қосим ба суолҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.

                                        Саидвоҳиди Қосим

Ин хабар 505 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj