Амали хайри Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ

Декабр 19 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ятимону бепарасторон филиали ташкилоти ҷамъиятии Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд дар арафати таҷлили соли нави милодӣ ба хонандагони мактаб-интернати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сарулибоси зимистона ва лавозимоти хониш ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ кумак намудааст.

 

Директори мактаб-интернати ноҳия Маҳмадхолиқ Саидов дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи  “Паёми Кӯҳистон” гуфт намояндагони  Филиали ташкилоти ҷамъиятии Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд санаи 19 декабр ба ин муассиса ташриф оварда, барои толибилмони ин мактабпарваришгоҳ дастархони идона оростаанд.

- Намояндагони ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар муассисаи мо семинар оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва байни хонандагон викторина гузарониданд. Ба хонандагони фаъол аз ҷониби намояндаи ташкилоти ҷамъияти бо китоб ва лавозимоти хониш қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби ташкилоти мазкур барои хонандагон 55 ҷуфт либоси таҳпушак, 55 ҷуфт либоси гарми зимистона бо маблағи зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ кумак намуданд, ки мо аз ин амали хайрашон беҳад миннат дорем,-изҳор дошт Маҳмадхолиқ Саидов.

  Мавриди зикр аст, ки ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ  Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ  бо мақсади мусоидат ба волояти қонун, ҳифзи  ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, таъмини риояи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон  фаъолияти худро ба роҳ монда, дар баробари ин дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои  давлатӣ ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ баҳри пешрафти самти иҷтимоии аҳолӣ чорабиниҳои гуногун ва амалҳои хайриявиро низ  анҷом медиҳад. Филиали ташкилоти ҷамъиятии Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд фаъолияти худро соли 2016 шуруъ намудааст.

Саидвоҳиди Қосим

Ин хабар 479 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj