Ҳисобот оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дарёздаҳ моҳи соли 2019

Декабр 30 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

1.                      Сокинон ва аҳли заҳмати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар баробари ҳамаи мардуми кишвари азизамон бо саъю талоши ватандӯстона, созанда ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллиамон 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳадафҳои Стратегии кишвар арҷгузорӣ ба фарҳанги асили аҷдодӣ, суботу оромии ватани биҳиштосоямон саҳми арзишманди худро гузошта омаданд.

 

Аҳолии ноҳия тибқи дастуру супоришҳои марди фарҳангсолор, меҳанпарасту ватандуст, накукору сулҳовар, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, ободкорию созандагӣ, сазовор истиқбол намуданиҷашни 30-солагии иди умумимиллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифагузориҳое, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, № АП-1059 баён гардидаанд, қарори раиси ноҳия аз 01.06.2018, № 100 ба тасвиб расида, дар заминаи он чор гурӯҳи корӣ ташкил ва барои ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ чораҳои заруриро дар давраи ҳисоботӣба роҳ монданд.

Бо ин мақсад нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  иборат аз 108 банд таҳия карда шуда, дар заминаи он то соли 2021 иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, ки барои рушду нумуъ, пешравию тараққиёт ва ободии ноҳия заминаи мусоидро ба миён меоварад,мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2019   44 адад иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 29 адади он мавриди истифода қарор дода шуд, ки 66 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Дар 15 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо босуръат идома дорад. Дар муҳлати нишондод иншоотҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2019 5 Фармон ва 5 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 42 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 99қарор ва13 амри Раиси вилоят инчунин22 нақша чорабиниҳо ворид гардида, дар заминаи онҳо 186қарор, 159 амри раиси ноҳия  ва 47нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба тасвиб расонида шудаанд, ки дар асоси онҳо кор дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020 аз 198 лоиҳа иборат буда, маблағи он 164155,4 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми маблағҳои пешбинигардида  дар чор соли охир тибқи Барнома 144533,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки амалишавии он аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгӯзорӣ 84514,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ17544 ҳазор сомонӣ ё 56%, аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд22313 ҳазор сомонӣ ё 54,7%, аз ҳисоби буҷети ноҳия 1087 ҳазор сомонӣ ё27,8%, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ5482 ҳазор сомонӣ ё 55,7%, 6881,5 ҳазор сомонӣ ё 37,2% бо дастгирии шарикони рушдва 1355 ҳазор сомонӣ ё 4,9% аз ҳисоби лоиҳаҳои сарчашмаи маблағузориашон номуайян амалӣ гардидаанд.

3.Маълумот оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти  буҷет.

      Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дарсоли 2019 (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 3264000 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он то 01.12.2019, 3500419сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин рақам аз нақша 236419сомонӣ зиёд буда, 107,2 фоизро ташкил медиҳад.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта натиҷаҳо оид ба қисми даромади буҷети давлатӣ дар ноҳия430829сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст, ки 14,0 фоизи афзоиши қисми даромади буҷети ноҳияро ташкил медиҳад. Корбарӣ дар ин самт бо сохторҳои марбута дуруст ба роҳ монда шуда,  таъминоти он зери назорати доимӣ қарор дорад. Натиҷаҳо дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хело хуб мебошанд.

      Қарздорӣ дар самти пардохти маблағҳо дар бандҳои ҳимояшавандаи  қисми хароҷоти буҷет умуман дар ноҳия вуҷуд надорад

      Ба буҷети маҳаллӣ бошад, дардавраи ҳисоботӣ 2457591сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки он 112 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин давра ба буҷети ноҳия нисбат ба нақшаи тасдиқгардида267085сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст.

 

Нақшаиқисми хароҷоти буҷети ноҳия дарёздаҳ моҳи соли ҷорӣ19108874сомониро дар бар гирифта, дар натиҷаи ҷамъбасти ёздаҳмоҳа18487153сомонӣ маблағ равона гардидааст, ки96,7фоизро ташкил медиҳад.

Пардохти мӯзди меҳнат ва фонди нафақа 11255631сомониро ташкил медиҳад.Ба 1838 нафар нафақагирондар соли 20196383513сомонӣ нафақа пардохт карда шудааст. Қарздорӣ дар ин самт ба ҳолати 31.12.2019 вуҷуд надорад. Айни ҳол нафақаи миёна дар ноҳия 282,91 сомониро ташкил медиҳад. Ба 177нафар сокинони ноҳия нафақа аз нав таъйин карда шудааст, ки маблағи умумии он 33854сомониро дарбар мегирад, ки ба ҳисоби миёна 191,26 сомониро ташкил медиҳад. Андозаи моҳонаи нафақа 519986 сомониро дар бар мегирад.

Дар ин давра воридоти андозҳо дар маҷмуъ тибқи нақша 7613466сомониро ташкил медиҳад, ки иҷроиши он 8023819  сомонӣ ё 105,4 фоиз таъмин гардид, ки нисбати нақша дар маҷмуъ 410353 сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст.

Бо дастгирии ташкилоти  байналхалқии «Агентии техникии инкишоф ва тараққиёти манотиқи Кӯҳистон» ва маблағгӯзории Иттиҳоди Аврупо ба ноҳия 3504 бех арча, 177 бех акатсия, 1265 бех қарағоч, 6750 бех хуч,испарсет 9602 кг, ҷав 17284 кг, амофос 21605 кг, тухмии алаф навъи лютсерна 1728,4кгба ноҳия ворид карда шудааст.

Аз тарафи Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Зарафшон ва дигар Шарикони рушд дар деҳаҳои Оббурдон ҷуй ба масофаи 1 км, Падрох ҷуй ба масофаи 1,6 км, Виткон ҷуй ба масофаи 1 км, Пастиғав ҷуй ба масофаи 1,6 км, Эсизҳо ҷуй ба масофаи 1 км бетонпуш гардида, ин иқдом дар деҳаҳои  Мадрушкат ҷуй ба воситаи лулаҳо ба масофаи 1 км, Сабағ ҷуй ба масофаи 500 метрдар семоҳаи аввали соли 2020 сохтмон ва азнавсозиашон ба роҳ монда мешаванд. Кор дар ин самт дар деҳаҳои Виткон, Падрох, Эсизҳо қисман ба анҷом расонида шуданд.Хатти оби полезию нушокии деҳаи Худгифи соя дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта,дар сурати пурра мавриди истифода қарор додани иншоот ҳолати мелиоративии 45 га замин беҳ гардида, 15 га замини нав аз худ карда мешавад.Аз тарафи аҳолии деҳаи Пастиғав роҳи маҳаллӣ ба масофаи 200 метр, ки аҳолии деҳаҳои Сурхкат, Арнохун низ аз он истифода мебаранд ба масофаи 500 метр тахту ҳамвор ва ба паҳноии 5 метр васеъ карда шуд.

 

 

5. Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат ва энергетика

 

Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дарёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 3280,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1099,7 ҳазор сомонӣ ё 66,4 % зиёд мебошад.

Дар ноҳия корхонаи истеҳсолкунандаи инноватсионӣ мавҷуд нест.Дар ноҳия корхонаҳои саноатии ҶДММ “Қудрат 2010”, ҶДММ “Оби Ғулуч” мавҷуд мебошанд. ҶДММ “Қудрат 2010” бошад дар ин давра  6955 тонна ангишт истихроҷ намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда нишондиҳанда 5105 тонна ё 3,8 баробар  зиёд мебошад.

Шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия 3 ададро ташкил медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади таъсиси корхонаҳои саноатӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро роҳандозӣ менамояд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 11.09.2016 ҷиҳати ба кор даровардани корхонаи коркарди тиллои “Қулла”  фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2018, №14-ф ба тасвиб расонида шудааст, ки барои таъсиси ҷойҳои нави  корӣ ва ба ин васила паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия шароити мусоид фароҳам меояд. 

Маблағи фуруши барқ622499,22 сомонӣ буда, аз он 597770,89 сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки иҷроиши он 96фоизи нақшаро ташкил медиҳад.Ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ аз ҳисоби аҳолӣ 380742 сомониро ташкил дода,  иҷроиши нақшаҳо таъмин шуда истодааст.

Бақияи қарз ба ҳолати 01.10.2019 285,8ҳазор сомонӣ мебошад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 134,5 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Асосан қарзи мавҷудбуда таи солҳои гузашта буда қарзи беэътимод мебошад.

 

6. Маълумот оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии

аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дарсоли 2019 291909,3 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ба соҳаи чорводорӣ, боғдорӣ ва зироатчигӣ тааллуқ дошта, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17158,5ҳазор сомонӣ ё 5,9фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз ҷумла ба соҳаи растанипарварӣ 233427 ҳазор ва чорводорӣ 58482 ҳазор сомонӣ рост меояд.

КИШТИ ЗИРОАТХОИ ХОЧАГИИ КИШЛОК

Баҳри таъмини самаранокии истифодаи заминҳои кишоварзӣ дар ноҳия чораҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ занбӯри асал дар ноҳия ба 2008 оила расонида шуда, 44,5 тонна асал истеҳсол карда шуд, ки нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3тонна зиёд мебошад. Дар давоми ду соли охир ин соҳа дар ноҳия хело рушд карда, аҳолӣ дар 27 деҳаҳои ҳудуди ноҳия ба занбурпарварӣ машғул мебошанд.

Аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ва чарогоҳҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар  соли ҷорӣ 23, 4 гектар боғ бунёд карда шуда, аз чумла 2,4 га боғи интенсивӣ, 9420 бех ниҳоли мевадиҳанда ва 8200 бех ниҳолҳои сояафканро дар бар мегирад.Асосан боғҳои интенсивӣ дар деҳаҳои Дашт, Оббурдон, Рогиф, Ҳадишаҳр, Ғузн бунёд карда шуданд. Кишоварзони ноҳия аллакай аз боғҳои интенсивӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои иловагиашон ҷиҳати беталаф баровардани чорво дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 ҷамъоварии хошоки дурушт аз ҳисоби заминҳои обӣ ва чарогоҳҳо дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз 41100 тонна захира карда шудааст.

 

7.Маълумот оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ.

Дар ин давра сармояи асосӣ ба маблағи 31113,4 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18853,9 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.

Инчунин дар соли равон 9775 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 322метри мураббаъ ё 3,4 фисад зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар маркази ноҳия шаҳраки  Меҳрон сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумлабинои маъмурии Суди ноҳия, пудратчии он ҶДММ “Пастиғав”, бинои шуъбаи ноҳиявии КДАМ, пудратчии он ҶДММ “Шаҳриёр-93” ва ташкилоти лоиҳакаши иншооти мазкур ҶСК “Коррезлоиҳа”,бинои ШВКД-и ноҳия,пудратчии он ҶДММ “Гулгун”, ки фармоишгарииншоотҳои номбурда Дирексияи сохтмонии иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти лоиҳакаш ҶСК “САНИИОСП” мебошанд, ҳамчунинбинои маъмурии идораи сӯхторхомушкунии ноҳия, ки фармоишгари он ИСА-и вилояти Суғд ва пудратчии он ҶДММ “Зарафшон”, бинои маъмурии филиали БДА ҶТ «Амонатбонк» аз тарафи ҶДММ «Ситоиш» бо маблағгузории Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», бинои Беморхонаи марказии ноҳия ва майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва аз тарафи пудратчӣ ҶДММ “Сохтмон” сохта шуданд, инчунинбинои маъмурии бахши ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маркази ноҳия, ки бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон бунёд гардид, инчунин дар деҳаи Роғи ҷамоати деҳоти Лангар шуъбаи беморхонаи марказӣ бино дорои сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дорухона аз ҷониби соҳибкор сохта шуда, дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 20 августи соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуданд.

Сохтмони мактаб барои 450 нафар хонанда дар маркази ноҳия, ки фармоишгари он Дирексияи сохтмонии иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти лоиҳакаш ҶСК “САНИИОСП” мебошанд, корҳои сохтмонию васлгарии иншооти номбурда аз тарафи пудратчӣ КСМ-101 оғоз гардида,корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум, дуюм дар як қабат ба охир расида болопуши он идома дорад.

     Сохтмони бинои мактаб  дар деҳаи Дашти ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик барои 240 хонанда дар як баст, ки фармоишгари он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,ки лоиҳаи он аз ҷониби ташкилоти ҶДММ “Аҳмадҷон-Ҳулбук”сохта шудааст. Арзиши лоиҳавии он 2 млн. 617 ҳазору 93 сомониро ташкил дода, пудратчии он ҶДММ “Манзили Кӯҳистон” мебошад. То ба имрӯз корҳои сохтмону васлгарии иншооти мазкурба маблағи 847 ҳазор сомонӣ азхуд карда шудааст.

Сохтмони хатти оби нӯшокӣ ва полезӣ дар мавзеъи Шорухи деҳаи Оббурдон ба масофаи 4,5 километр аз ҳисоби маблағҳои КВД хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон,аз тарафи пудратчӣ ҶДММ “Манзили Кӯҳистон” ба масофаи 4 километр корҳои васлгарию сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки маблағи азхудкардашуда 960 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Кор дар ин самт айни замон идома дорад.

  Сохтмони хатти оби полезӣ дар деҳаҳои Ронҷ, Имбеф, Андарвашт ва Ғувинд ба масофаи 5,8 км бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 1 млн. 211 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, корҳои васлгарӣ аз тарафи пудратчии ҶДММ  “Пастиғав” ба анҷом расидаанд.  Иншоот пурра ба итмом расонида шуд.

  Марҳилаи дуюми кашидани хатти оби полезии Дашти Фалахмон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдбо маблағи 642 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки 240 гектар заминҳои бекорхобидаи дашти мазкур ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд. Дар нуҳ моҳи соли равон 47 гектар замин кишт карда шуда, солҳои минбаъда боқимонда замини мавҷуда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.

Корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ дар деҳаи Эсизи поён барои 320 хонанда, ки фармоишгари иншооти мазкур ИСА-и ноҳия мебошад, аз тарафи пудратчӣ “Арасту”то ба имрӯз дар иншооти мазкур ба маблағи 2,840 ҳазор сомонӣ корҳо азхуд карда шуда, корҳои сохтмонии он идома доранд.

Корҳои сохтмониимайдончаи варзишӣ дар деҳаи Оббурдон аз ҳисоби соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ  идома дорад.

Дар деҳаи Оббурдон лоиҳаи мағоза ва ошхона, ки аз тарафи соҳибкор Сабуров Мулоумар бунёд карда мешавад, омода карда шуда, корҳои сохтмонии ошёнаи якуми он ба итмом  расонида шуда, сохтмони ошёнаи дуюм низ ба охир расида, дару тирезаҳоион насб гардиданд. Корҳои пардоздиҳии бино идома доранд.

Сохтмони бинои муассисаи томактабӣ барои 72 нафар таълимгиранда дар деҳаи Дашт тариқи ҳашар сохтмони таҳкурсӣ, деворҳо, дилакҳо ба охир расонида шуда, сохтмони болопуши бинои мазкур идома дорад.

Дар деҳаи Ронҷ сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкор Шарифов Идибой масолеҳҳои сохтмонӣ аз қабили семент, арматура дастрас карда шуда, бо қувваи аҳолии деҳа сохтмони он оғоз гардид.Инчунин дар ҳамин деҳа аз ҳисоби Барномаи инкишофи манотиқи кӯҳистон (АКТЕД) ба маблағи 147 ҳазор сомонӣ дар назди мактаб сохтмони иншоотҳои дигари хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Кашидани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Андарвашт аз ҳисоби Барномаи инкишофи манотиқи куҳистон (АКТЕД) ба маблағи 264 ҳазору 30 сомонӣ аз худкарда шуда, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ баистифода дода шуд.

Сохтмони варзишгоҳ барои 3000 ҷои нишаст дар маркази ноҳия, ки фармоишгари иншооти номбурда ИСА-и ноҳия мебошад, корҳои сохтмону васлгарии онро пудратчӣ ҶДММ “Арасту” ба зима дорад, бо маблағи 1 млн. 50 ҳазор сомонӣ то ба имрӯз маблағҳо аз худ карда шудаанд. Тахту ҳамворкунии варзишгоҳ идома дорад. Дар давоми семоҳаи аввали соли 2020 корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд.

Кашидани оби нӯшокӣ дар деҳаи Арсовит барои 88 нуфуз аз ҳисоби маблағҳои Барномаи Инкишофи манотиқи кӯҳистон (АКТЕД) ба маблағи 182,84 сомонӣ, ки корҳои сохтмону васлгарии онро пудратчӣ ҶДММ “Пастиғав” ба душ дошт, пурра ба анҷом расонида шуда, ин иншоот дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Кашидани хатти оби нӯшоки дар деҳаи Ғузн барои 1029 нуфуз аз ҳисоби маблағҳои Барномаи Инкишофи манотиқи кӯҳистон (АКТЕД) ба маблағи 221 ҳазору 748 сомонӣ, ки корҳои сохтмону васлгарии онро пудратчӣ ҶДММ “Ситоиш” ба душ дошт, ба охир расонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонбинои шуъбаи Беморхонаи марказии ноҳия, ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар деҳаи Роғи Ҷамоати деҳоти Лангар барои 16 кат,ҳамчунин бинои маркази хизматрасонӣ, дорухона ва кошонаи ҳусн дар ин деҳа, ки аз ҷониби соҳибкори ноҳия Ғаффорзода Ҷурабой бунёд гардиданд, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонсанаи 20.08.2019 мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин барои боз ҳам хизматрасонии тиббиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондан як адад мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, ки тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ аз ҷумла додани нафаси сунъӣ, пешгирии бемории сактаи дилро доро мебошад ба ин шуъбаи беморхонаи марказӣ, ки дар деҳаи Роғ воқеъ гардидааст аз тарафи шарикони рушд тақдим гардид.

Сохтмони бинои МТУА № 18 дар деҳаи Деҳавз дорои 6 синфхонабарои 110 хонанда ва 2 утоқи корӣ барои омӯзгорон бо маблағи 705 ҳазор сомонӣ  оғоз гардида, то ба имрӯз корҳои таҳкурсӣ, деворҳо, болопуши бино ба итмом расонида шуда, корҳои ороишӣдар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

 Сохтмони пул аз болои дарёи Зарафшон дар мавзеи Аълами Оламиён аз тарафи соҳибкор, роҳбари ҶДММ “Роҳи Сомон” Амонов Фаррух, ки дар мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12.05.2018 бо ҳамаи қишрҳои ҷомеъа баргузор гардида буд, ваъдадор шуда буд, айни ҳол корҳои лоиҳакашии пул идома дорад.

Дар деҳаи Хайробод сохтмони мактаб дорои 4 синфхона аз тарафи БРСММ ба маблағи 667 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, корҳои таҳкурсии иншоот, корҳои деворӣ пурра ба охир расонида шуда, корҳои болопуши бино низ ба охир расиданд. Сохтмон дар ин иншоот пурра ба охир расонида шуд. Дар сурати таъмини таҷҳизот иншоот мавриди истифода қарор дода мешавад.

  Сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Табушн бо маблағгузории БРСММ бо маблағи 652 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, сохтмони он пурра ба итмом расида, иншоот бо тамоми таҷҳизотҳо барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар арафаи Иҷлосияи тақдирсози миллӣ ба истифода дода шуд. Дар ин замина хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ин минтақа куллан ру ба беҳбудӣ омад.

Бо мақсади рафти иҷрои супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.01.2018, №1 банди 16 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ аз тарафи соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Усмонов Ғуфронҷон ба  фаъолият оғоз карда, айни замон истеҳсоли панир ва қаймоқ ба роҳ монда шудааст. Сохтмони бинои корхонаи дигари коркарди маҳсулотҳои ширӣ дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Лангар аз тарафи соҳибкорАшуров Қурбон ба итмом расонида шуда, таҷҳизотҳои зарурӣ низ ворид карда шуда, ин иншоот дар моҳи декабр ба истифода дода шуд, ки дар соҳаи саноат боз 8 ҷойи кории нав муҳайё гардид.

Дар деҳаи Пит, Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик бо маблағгӯзории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мактаби дорои ду синфхона ва хонаи омӯзгорон пурра ба итмом расонида шуд. Иншоот дар давоми моҳи ноябр бо мизу курсӣ, тахтаи синфӣ таъмин шуда, дар истифода қарор дорад.

Дар деҳаҳои Палдорак ва Валиғонд аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия муассисаҳои таълимӣ сохтмонашон оғоз гардида, дар ин муассисаҳо дар як баст 240 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Мувофиқи нақшаи  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистониншоотҳо пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Аз тарафи соҳибкор Саидов Суҳроб  дар маркази ноҳия сохтмони бинои таъмири нақлиёт ба охир расид. Корҳои рангу бори иншоот идома доранд.Аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Муҳаммадиев Ғафур дар деҳаи Ревомутки ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик мағозаи тиҷоратӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар деҳаи Мадрушкати ҷамоати деҳоти Лангар аз тарафи соҳибкор Шарифов Илҳом сохтмони комплекси таъмири техникӣ ва мағозаи тиҷоратӣба охир расида, қисман ошёнаи якуми он мавриди истифода қарор дорад.

 

Инчунин кашидани хати баландшиддати барқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лангар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корхонаи ҶДММ “Зулол-2012” барои 14 деҳабомаром идома дорад.

Дар давоми соли 2018 ва ёздаҳ моҳи соли 2019 дар маҷмуъ 52 адад иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шудааст, ки 48 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

8. Маълумот оид ба рушди  инфрасохтор ва нақлиёт

Роҳҳои ҳудуди ноҳия, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд ва дар истифодаи умум қарор дода шудаанд, 71 километри он ба меъёрҳои  талаботҳои имрӯза ҷавобгӯй нестанд. Инчунин дар ноҳия 18 пул, ки 10-тои он чубин ва 8 адади он бетонпӯш мебошанд, 10 пули чубин дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. 67,6 фоизи  роҳҳо ба талабот ҷавобгуй намебошанд. Дар давоми моҳи июн роҳи асосии ноҳия баҳри пайваст намудан бо роҳи ағбаи Оббурдон-Овчӣ дар масофаи 19 кмтахту ҳамвор ва васеъ гардид. Роҳи асосии ноҳия дар соли равон ду маротиба пурра таъмир гардид. Дар давраи ҳисоботӣ дар деҳаҳои Пастиғав роҳ ба масофаи 70 метр, дар деҳаи Ҳадишаҳр ба масофаи 100 метр,деҳаи Оббурдон ба масофаи 250 метр бо паҳноии 6 метр васеъ карда шуданд.

Инчунин дар километри 6-ум ба масофаи 350 метр роҳи нав сохта шуд. Дар соли 2020 аз рӯи  пешниҳодҳои додашуда 30 километр роҳҳои ноҳия аз деҳаи Оббурдон то деҳаи Ревомутк ба роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ворид карда шуданд.

Дар роҳи асосии ноҳия дар соли равон 11 лулаҳои обгузар, ки қутрашон 273 мм мебошад насб карда шуданд.

Дарёздаҳ моҳи соли равонбарои нигоҳдории роҳҳо маблағи 107183 сомонӣ ҷудо гардидааст.Дар давраи ҳисоботӣ 27 километр роҳҳои байнихоҷагии дараи Ғузн, ки аҳолии деҳаҳои Пит, Ғаз, Рувоск, Арсовит, Ғузн, Резгиф, Ғукат ва Даштакистифода мебаранд, бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Зоиров Эшонқул ба маблағи 68 ҳазор сомонӣ васеъ карда шуданд.

Дар ин давра корҳои таъмиру васеъкунии роҳи ағбаи Оббурдон-Овчӣ бо маблағгузории ҶДММ “Тоҷикистон-Хитой”ба роҳ монда шуд.Дар ин мавзеъ роҳ ба масофаи 19 километр тахту ҳамвор гардид. Дар километрҳои якум, нуҳум, чордаҳум, шонздаҳум, бистусеюм, сиюм аломатҳои роҳ  насб карда шуданд.

      Дар Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия айни ҳол 8 адад техникаҳои коршоям мавҷуд мебошад, ки ин нишондод барои нигоҳдории роҳҳои ҳудуди ноҳия хело шумораи кам мебошад.

10. Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул

Шуғли асосии аҳолии ноҳия асосан соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Айни замон аз ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ417нафар қарор доран.

Дар ноҳия қарздорӣ аз музди меҳнат ва нафақа вуҷуд надорад. Шуғли асосии аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ буда, шумораи бекорони расман бақайдгирифташуда 94нафарро ташкил дода, аз ин шумора 51нафарашон занҳо мебошанд. Дар давоми соли 2019дар маæмуъ 409 нафар бекорон бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Музди миёнаи меҳнат дар ноҳия 742,18сомониро ташкил дода, қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад.Дар давоми соли 2019  дар ноҳия 140 нафар тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 68 нафар бонувон ва 72 нафарри дигарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

  Вобаста ба ин дар ноҳия «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2018-2019» қабул гардидааст, ки дар доираи он13маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд, ки тариқи он 87нафар ба шуғл ҷалб гардиданд. Инчунин ба 29нафар ба маблағи 77300сомонӣ қарзи имтиёзнок барои ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дода шудааст. Тибқи Барнома42 нафар шаҳрвандони бекор дар қайди бахши Агентӣ буда, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд. Инчунин дар ин давра ба 80 нафар сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта ва ба шаҳрвандони аз маҳбас озодшуда ба маблағи 46400 сомонӣ кумаки яквақтаи моддӣ расонида шудааст. Дар ин давра тибқи квота 50 нафар оилаҳои ниёзманд ба корҳои мавсимӣ ва доимӣ ҷалб гардиданд.

 

11. Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (маориф).

       Соҳаи маориф яке аз  соҳаи муҳим ва афзалиятнок  ба ҳисоб рафта, солҳои охир бо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри пешрафт ва рушду нумӯи он диққати махсус зоҳир карда шуда истодааст. 

Дар ноҳия 4 маркази инкишофи кӯдак фаъолият карда истодааст, ки дар онҳо 86 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

   Дар  муассисаҳои таълимӣ  573 нафар омӯзгорон кору фаъолият мебаранд.

Дар давраи  ҳисоботӣ  муассисаҳои таълимии ноҳия бо 34 адад компютер таъмин гардиданд.

       Дарёздаҳ моҳи соли равон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ 35 нафар иштирок намуда, як нафар барои иштирок дар олимпидаи ҷумҳуриявӣ соҳиби роҳхат гардид.

    Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.11.2018, № АП-1127 дар ҳудуди ноҳия озмуни ноҳиявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар сатҳи баланди ташкилӣ бо доираи васеъи иштирокчиён баргузор карда шуд. Бо ин мақсад баҳри баргузории чорабинӣ дар сатҳи баланд аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 4322 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Моҳи декабр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 деҳаи Мадрушкат озмуни ноҳиявӣ бо иштироки 263 нафар ғолибони даври минтақавӣ баргузор гардид. Аз ин шумора 20 нафар хонандагон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия боз  иловатан 151 адад мизи талабагӣ302адад  курсии талабагӣ, 12 мизи омӯзгорӣ, 28 адад курсии омӯзгор, 16 адад ҷевон, 14 адад тахтаи синфӣ, 1 адад мизи компютерӣ, 2 адад либосовезак ворид карда шуд, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва заминаимоддию техникии муассисаҳои таълимӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

150 нафар хонандагони ноҳия ба истироҳати тобистонаи наздимактабӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин 18 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия барои истироҳат ба осоишгоҳҳои 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази солимгардонии шаҳри Хуҷанд фиристонида шуда буданд.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба муассисаҳои таълимии ноҳия аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 9720 адад китобҳои дарсӣ ба маблағи 140277сомонӣ, 2713 адад маводҳои таълимӣ ба маблағи 2713 сомонӣ, 106 адад китоби бадеӣ ба маблағӣ3872 сомонӣ, 5000 адад рӯзномаи хонандагӣ ба мабалағи 31000 сомонӣ ворид гардидааст.

Баҳри иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 22.04.2019, № 181 Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, қарори раиси ноҳия аз 02.05.2019, № 80 ба тасвиб расонида шуда, ба соҳаи маорифи ноҳия мувофиқи эҳтиёҷот 432 тонна ангишт, 106 м.куб ҳезуми таҳсуз оварда шуда, 15 м.кв шишабандии муассисаҳои соҳаи маориф гузаронида шуд, инчунин 500 литр сузишвории дизелӣ барои 13 адад генераторҳо захира карда шуда, кори комиссияи зимистонгузарони дар ин самт мунтазам идома меёбад.

12. Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ

(тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ).

Дар ноҳия айни замон 1 беморхонаи марказии ноҳия, 1 маркази саломатии ноьиявӣ, 5 марказҳои саломатии деҳот ва 12 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият намуда истодаанд. Айни замон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳия 100 кати табобатӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 40 кати муолиҷавӣ, 25 кати бачагона, 25 кат дар таваллудхонаҳо, 10 кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ фаъолияти хуб доранд.

Дар ин давра таваллуди умумӣ 755 нафарро ташкил дода, аз, он дар хона 48 нафар (8,8 %), дар муассисаҳои тиббӣ 707 (91,2%)ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, дар хона8,1% кам гардидааст.Нишондиҳандаҳо нисбати соли 2018 хуб мебошанд.Дар  соли 2019 дар муассисаҳои тиббии ноҳия   8фавти кӯдаки  то 5-сола ба қайд гирифта шудааст.

Баҳри боз ҳам пурзӯр намудани фаъолият дар соҳа ва таъмини иҷрои “Барномаи миллии оид ба муқовимат ба эпидемияи норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” қарори раиси ноҳия аз 19.03.2018, № 54 дар бораи таъсис додани маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдошудаи норасоии масунияти одам дар ноҳия ба тасвиб расонида шуда, дар заминаи он маркази мазкур дар ноҳия фаъолиятро оғоз намуд. Баъд аз ташкил шудани Марказ дар соли равон 1427 нафар аҳолии ноҳия аз ташхиси пешгирии бемории вируси норасоии масунияти одам гузаштаанд. Аз ин шумора 206 нафар нав оилабарпокунандагон, 115 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, 738 нафар занҳои ҳомила, 45нафар даъватшавандагон ва 323 нафар дигар шаҳрвандонмебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 45 маротиба бо иштироки 2650 нафар аҳолӣ вохӯрӣ гузаронида шудааст.

Баҳри таъмини  муассисаҳои тиббӣ бо кормандони тибби оилавӣ дар  ин давра чор нафар муттахасисон барои гузаштан аз курси бозомӯзӣ ба Маркази вилоятии тибби оилавӣ фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатнаи кудакон тариқи ройгон дар панҷ минтақа бо фарогирии 182нафар кудакон ба роҳ монда шуд.

Айни замон дар ноҳия  13нафар бемориҳои сил, аз ҷумла 4 нафарашон беморони куҳна ба қайд гирифта, 9 нафарашон беморони нав, 2 нафар бемори то 14-сола,8 нафар бемории ВНМО дар қайд мебошанд, исьоли хунин, вараҷа, домана ба қайд гирифта нашудааст.Бемории зардпарвин(3 нафар) ва буғумдардӣ(1 нафар) бошад, нисбат ба солҳои гузашта кам ба қайд гирифта шудааст.Дар ноҳия 30 нафар табибон кору фаъолият мебаранд, ки ба ҳар 10000 нафар аҳолӣ 15 нафар инчунин 73 нафар  кормандони миёнаи тиб рост меояд. Танҳо дар давраи ҳисоботӣ  8 нафар, аз ҷумла 3 нафар мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ ба кор қабул карда шудаанд.

Дар соли равон қабули беморон дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия34383 нафарро ташкил медиҳад.Дар давраи ҳисоботӣаз таваллудҳои навзод то ба синни 6-сола 12маротиба барои пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксинаҳо идорашаванда иммунизатсияи 14862 нафар кудакон гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта1041 нафар зиёд мебошад. Ба ноҳия дар ин давра 1300 вояи муқобили бемории сил, 1000 вояба муқобили бемории гулузиндонак ва сулфакабудак, 1700 воя бар зидди бемории сурхча, бар зидди бемории зардпарвин 600  воя ворид гардид.Дар тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия, ки баҳри баргузории иммунизатсия масъул мебошанд маводҳои шаклҳои 2, 63, дафтарҳои бақайдгирӣ, дафтари хароҷотҳои он, овезаҳои даъваткунанда дар ин ҷода, варақаҳои иттилоотӣ дар байни аҳолӣ ба миқдори 3600адад дастрас гардид.

Айни замон дар ноҳия норасогии муттахасиони соҳа эҳсос мегардад, аз ҷумла муттахасисони руҳшинос, духтури тибби  оилавӣ, асабшинос, осебшинос, нарколог, духтури чашм, духтури пуст ва ренгенолог намерасад.

Дар асоси дастуру вазифагузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 22.04.2019, № 181 Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, қарори раиси ноҳия аз 02.05.2019, № 80 ба тасвиб расонида шуда, ба соҳаи тандурустии ноҳия мувофиқи эҳтиёҷот 100 тонна ангишт, 15 м.куб ҳезуми таҳсуз оварда шуда, 10 м.кв шишабандии муассисаҳои тандурустӣ гузаронида шуд, мушкилот айни ҳол ба чашм намерасад.

13. Маълумот оид ба вазъи соҳаи фарҳанг

Бахши фарҳанги ноҳия барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ дар ин давра чорабиниҳои судманд ва амалиро роҳандозӣ намуд.

Дар ноҳия 2 клуби деҳот,1 китобхонаи  бачагона, 1 китобхонаи системаи марказонидашуда ва 14 филиали он, 1 қасри фарҳанг, 1 осорхона амал мекунанд.

Зиёда аз 5 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, ки даври вилоятии он санаи 15.09.2019 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид аз рӯи се номинатсия иштирок намуданд.

Дар соҳаи фарҳанги ноҳия мутахассисони касбии дорои маълумоти олӣ намерасанд.

       Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ…»  як нафар истиқоматкунандаи ноҳия Сарфарозиддин Имориддинов аз руи номинатсияи «Азёд кардан ва хондани осори адибони классикии тоҷик» мақоми аввалро касб намуда, сазовори дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Диплом аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гирандаи 30 ҳазор сомонӣ маблағ гардид. Ин боиси ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.

16. Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар кишвари аизизу маҳбубамон дар ноҳия корҳои назаррас ва амалӣ ба сомон расонида шуда истодаанд.

Дар ноҳия 8823 нафар ҷавон буда, аз онҳо 4200 нафарашон, ё худ47,6 фисадро бонувон ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия 29 адад майдонча, 5 толори  варзишӣ мавҷуд мебошад, ки баҳри ба варзиш фаро гирифтани ҷавонон заминаҳои устувору мусоид сол аз сол фароҳам омада истодааст. Шумораи ҷавононе, ки дар толорҳои варзишӣ машқу тамрин менамоянд 3240 нафар мебошанд. Дар ин давра корҳои сохтмонии як майдончаи варзишӣ дар деҳаи Табушни Ҷамоати деҳоти Лангар бо маблағгӯзории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон оғоз гардид. Корҳои сохтмонии тахту ҳамворкунии майдони варзишӣ дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон идома дорад.

      Вохӯрӣ ва мулоқотҳо миёни ҷавонон дар ин давра 41маротиба гузаронида шудааст, ки теъдоди фарогирифташудагон 8280 нафар мебошанд. Инчунин чорабиниҳои «Фарҳангӣ ватандустӣ»  4  маротиба бо фарогирии 1042нафар ҷавонон гузаронида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар деҳаи Ланглифи ҷамоати деҳоти Лангар мусобиқаи вилоятӣ оид ба гуштини миллӣ байни ҷавонон ва наврасон дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Хамчунин бо иштироки доираи васеъи ҷавонон дар деҳаи Мадрушкат бахшида  ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии гуштини миллӣ ва футболи хурд гузаронида шуда, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

     Дар моҳи декабри соли ҷорӣ 1 нафар ҷавон аз ноҳия Бобоев Абдулло дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд оид ба гуштинги тарзи дзюдо иштирок намуда, сазовори медали биринҷӣ гардид.

 

19.Маълумот оид ба ҳолати кор дар самти иттиҳодияҳои динӣ.

       Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва аҳолии он ҷиҳати рафти татбиқ ва амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди ноҳия чорабиниҳои зарурӣ ва саривақтиро доимӣ амалӣ намуда истодаанд. Дар ин давра 229ҷашну маросимҳо доир гардиданд, ки аз инҳо 217туйи домодиву арусӣ, 217 маросими ақди никоҳ, 5маросими сол, 7 маросими чил  дар ҳудуди ноҳия баргузор гардид. Нисбат ба  соли 2018 маросими туйи домодию арусӣ11 адад кам гардидааст. Маблағи ҳамаи чорабиниҳо 762618 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 142689 сомонӣкам мебошад.Ба ҳар як маросим  дар давраи ҳисоботӣба ҳисоби миёна3330,20 сомонӣ рост омадааст.Барои баргузории тую маърака ва маросимҳо аҳолии ноҳия аз ҳисоби забҳи чорвои хурд ва харидории гушт истифода менамоянд.

 

21. Маълумот оид ба пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ ва коррупсия.

  Дарёздаҳ  моҳи соли 2019 дар ноҳия 30 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 1 адад қаллобӣ, 3 адад расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 6 адад ҷиноятҳои соҳаи иқтисодӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо20 адад  мебошанд. Дардавраи ҳисоботӣ баҳри пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноят дар байни аҳолӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳия  дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳо 19 маротиба вохӯрию мулоқотҳо доир карда шудаанд. Баҳри ошкор намудани ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, кушодашавии он дардавраи ҳисоботӣ 96фоизро ташкил медиҳад.

Рафти даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.09.2019, № 1353, қарори раиси вилояти Суғд аз 19.09.2019, № 406, қарори раиси ноҳия аз 23.09.2019, № 155  Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 ба тасвиб расонида шуда, дар заминаи он як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуданд. Аҳолии ноҳия бахусус ҷавонон ҷонибдори сиёсати Пешвои муаззами миллат буда, дар рӯзи аввали даъват аз сафи ихтиёриён, ҷавонони бонангу номус нақшаи додашуда  таъмин гардид.Бахшида ба ин рӯз дар  боғи Парчами назди  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки даъватшудагон, волидайни онҳо, ҳамаи сохторҳои ноҳиявӣ хело дар сатҳи баланд ва хотирмон баргузор гардиданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ноҳия маблағи 9000 сомонӣ ҷудо гардид.

Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дарки масъулияти баланд баҳри иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳифзи сулҳу субот, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани азизу маҳбубамон барои фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ дар оянда низ баҳри иҷрои  мақсад ва ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддасу ваҳдатсолор ва умумиллиамон 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Сарварии фарзонамарди миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонҳамаи чораҳои судманду амалиро роҳандозӣ  менамоянд.

 

 

Ин хабар 10 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj