БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ 21-УМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Декабр 30 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Имрӯз 30.12.2019 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иҷлосияи 21-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум бо иштироки Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода, вакилон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.

 

Дар Иҷлосия 7 масъала, аз ҷумла ҳисоботи раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2019, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети ноҳиявӣ барои соли 2019, дар бораи қабули буҷети ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои соли 2020, дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, дар бораи даровардани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 06 июни соли 2015, № 26 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020”, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва тасдиқи қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Доир ба масъалаи якум раиси ноҳия Муҳаммадҷобир раҷабзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар 11 моҳи соли 2019 ҳисобот дода, зикр намуд, ки бо дарназардошти ҳамаи мушкилотҳои мавҷуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамаи самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Зикр карда шуд, ки имсол дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ташриф оварда, якчанд иншооти муҳими маъмуриву ҷамъиятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар иҷлосияи ҳамчунин масъалаи қабули буҷети ноҳия барои соли 2020 аз ҷониби вакилон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки буҷети ноҳия барои соли 2020 бо мабалағи 23 млн 39 ҳазор сомонӣ қабул гардидааст.

Ҳамчунин вакилони халқи ноҳия зимни баррасии масъалаҳои Иҷлосия номи баъзе аз мавзеъҳои ноҳияро мутобиқ ба номгузории миллии тоҷикӣ тасдиқ намуданд. Аз ҷумла дар бо овоздиҳии якдилона номи ҷамоати “Иван-Тоҷик” ба номи “Малик Ашӯров”, номи чашмаи «Юрти Олими офтобрў»-и  Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик ба номи «Нилчашма», номи чарогоҳи «Пастии Қирғиз»-и Ҷамоати деҳоти Лангар ба чарогоҳи «Чоргул», номи чашмаи «Юрти Олими соярӯи»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик ба чашмаи «Ҷонбахшон», номи чашмаи «Пастии Қирғиз»-и Ҷамоати деҳоти Лангар ба чашмаи «Ширинчашма», номи мавзеъи «Дашти Чет»-и Ҷамоати деҳоти Лангар ба мавзеъи «Канордеҳ» иваз карда шуданд.

Дар охир намояндаи ҳукумати вилоят Суҳроб Рустамзода паёми табрикии солинавии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба сокинони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ расонида, ба онҳо саломатӣ ва дар корҳои минбаъдаашон бурдбориҳо таманно намуд.

Ин хабар 82 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj