АЁДАНИ ПИРОНУ МАЪЮБОН ВА СОБИҚАДОРОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

Декабр 31 2019
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Аёдати пирони барҷомонда, маъюбон ва камбизоатон дар арафаи иду айёмҳо ва хабар гирифтани аз ҳолу аҳволи онҳо яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳумумати мамлакат буда, ҳама сола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кумакҳои моддию пулӣ карда мешавад.

 

Бо ин мақсад санаи 31 декабри соли 2019 ба муносибати Соли нави 2020 Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода чанде аз пирони барҷомонда, иштирокчии ҶБВ, маъюбон ва собиқадорони меҳнатиро аёдат намуда, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахшу шодмонӣ аз ҳолу аҳволи эшон хабар гирифтанд ва ба онҳо кумаки яквақтаи молӣ расониданд.

Раиси ноҳия зимни аёдат соли нави мелодӣ ба ҳар як оила онҳо табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва хушнудии рӯзгорро орзу намуданд.

Зимни аёдат пирону маъюбон ва камбизоатон аз амалҳои хайр ва ғамхории Пешвои миллат,  раиси вилояти Суғд ва ҳукумати ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон дуои нек карданд.

Ёдовар мешавем, ки чунин иқдоми нек дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста идома дорад ва масъулини ноҳияи Кӯҳистони Масчо, аз ҷумла Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода дар ҳар иду ҷашвораҳо аз ҳолу рӯзгори  пирону маъюбон ва собиқадорони меҳнатиро  дидан намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба ин қишри ҷомеа кумакҳои пулӣ ва  моддӣ расонида мешавад. 

Ин хабар 88 -бор хонда шуд.

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj