БУНЁДИ САРТАРОШХОНА

Январ 05 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(2 votes)

Ҷалби соҳибкорон барои бунёди марказҳои хизматрасонӣ, толор ва майдончаҳои варзишӣ ва сартарошхонаҳо зери таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони  Масчтоҳ  қарор дорад.

 

   Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди деҳот ва бунёди ҳаммому сартарошхонаҳо ва нуқтаҳои таъмири пойафзол дар деҳоти дурдаст, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оид ба масъала тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Тавре дар суҳбат бо мо аз Идораи сохтмони асосии ноҳия иттилоъ доданд, айни замон сохтмони сартарошхонаҳо дар деҳаҳои Оббурдон, Падрох ва Пастиғави Ҷамоати Иван-Тоҷик аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ рафта истодааст, ки дар семоҳаи аввали соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

-  Айни ҳол дар деҳаи Оббурдони ҷамоати Иван-Тоҷик аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қамариддин Зокиров як бинои сартарошхона ва маркази кафшдӯзӣ бунёд ёфтааст. Ин иқдом дар деҳаҳои Лангар ва Мадрушкати Ҷамоати деҳоти Лангар аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ низ идома дорад, мегӯяд манбаъ.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша-чорабиниҳо иборат 108 банд таҳия гардида, амалишавии онҳо босуръат идома дорад. Дар давоми соли 2018 ва соли 2019 дар маҷмуъ 53 адад иншоот, аз ҷумла 12 адад муассисаи таълимӣ, 4 адад бунгоҳи тиббӣ, 2 адад дорухона, 2 адад сартарошхона, 2 адад майдончаи варзишӣ, 2 адад коргоҳи истеҳсолива 29 адад дигар иншоотҳо ба истифода дода шудааст, ки 49 фоизи нақшаи пешбинишудароташкил медиҳад. Айни замон дар 14 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо босуръат идома дорад.

Ин хабар 293 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj