ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СОЛ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

Январ 08 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Санаи 8-уми январи соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар соли 2019 баррасӣ гардиданд.

 Дар маҷлиси ҷамъбастӣ раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода, муовини аввали раиси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Наим, намояндаи ҳукумати вилояти Суғд Усмон Усмонов, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон иштирок доштанд.

Нахуст муовини аввали раиси ноҳия Тоҳир Азиззода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2019 суханронӣ намуда, зикр кард ки ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар ҷамъбасти соли 2019 дар ҳамаи соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.  

 

Зикр карда шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дарсоли 2019 (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 3,600,000 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он то 31.12.2019, 3,860,277 сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин рақам аз нақша 260,277 сомонӣ зиёд буда, 107,2 фоизро ташкил медиҳад.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта натиҷаҳо оид ба қисми даромади буҷети давлатӣ дар ноҳия 447,183 сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст, ки 12,3 фоизи афзоиши қисми даромади буҷети ноҳияро ташкил медиҳад. Дар ноҳия баҳри пардохти андозҳо аз рўи намудҳои он, ки даҳ намудро ташкил медиҳанд, хело хуб ба роҳ монда шудааст.

Оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ зикр карда шуд, ки дар ноҳия 73 нафар соҳибкор ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 53 нафар бо патент ва 20 нафари дигар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд, ки  дар қайди равзанаи ягона мебошанд. Аз ин шумора 8 нафарашро  занон ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад зиёд мебошад. Ҷалби соҳибкорон барои бунёди марказҳои хизматрасонӣ, толор ва майдончаҳои варзишӣ зери таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроия ноҳия қарор дорад. Айни замон бо дастгирии молии аҳолӣ ва соҳибкорон дар деҳаи Истошон  сохтмони толори варзишӣ бо тариқи ҳашар бо маром идома дорад. Дар деҳаҳои Деҳҳавз, Хайробод ва Ронҷ бунёди мактабҳои нав ва 18 синфхонаҳои иловагӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шарикони рушд ва соҳибкорон сохта шуда истодаанд.

Дастрасии аҳолӣ барои додани қарзҳои бонкӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давоми соли равон баҳри рушди соҳибкорӣ ба 92 нафар сокинони ноҳия 567,000 сомонӣ пардохт гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 275,500 сомонӣ ё 94,5% зиёд мебошад.

      Муовини аввали раиси ноҳия Тоҳир Азиззода бо таваҷҷўҳ ба ҷалби сармояи хориҷӣ гуфт, ки дар соли 2019 аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ба мабалағи умумии 2 миллиону 404 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ба мабалағи 771,2 ҳазор сомонӣ сармоя ҷалб гардидааст. Илова бар ин бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба ду нафар духтар барои бунёди гармхона ва маркази компютерӣ ба маблағи 70,000 ҳазор сомонӣ грант дода шудааст.

Бо дастгирии ташкилоти  байналхалқии «Агентии техникии инкишоф ва тараққиёти манотиқи Кўҳистон» ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ба ноҳия 3504 бех арча, 177 бех акатсия, 1265 бех қарағоч, 6750 бех хуч,“испарсет” 9602 кг, ҷав 17284 кг, амофос 21605 кг, тухмии алафи навъи “лютсерна” 1728,4 кг ба ноҳия ворид карда шудааст.

Аз тарафи Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Зарафшон ва дигар Шарикони рушд дар деҳаҳои Оббурдон ҷуй ба масофаи 1 км, деҳаи Падрох ҷўй ба масофаи 1,6 км, деҳаи Виткон ҷуй ба масофаи 1 км, деҳаи Пастиғав ҷўй ба масофаи 1,6 км, Эсизҳо ҷуй ба масофаи 1 км корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ин иқдом дар семоҳаи аввали соли 2020 дар деҳаи Мадрушкат ҷуй ба воситаи лулаҳо ба масофаи 1 км, деҳаи Сабағ ҷуй ба масофаи 500 метр идома меёбад.

 Хатти оби полезию нушокии деҳаи Худгифи соя дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар сурати пурра ба анҷом расидани  иншооти мазкур ҳолати мелиоративии 45 га замин беҳ гардида, 15 га замини нав аз худ карда мешавад.

Бо маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон канали Тагоб сохтмонаш ба масофаи 5,8 кмба охир расида, 80 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, зиёда аз 60 ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, барои паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Зикр карда шуд, ки дар соли 2019 маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 3549,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 145,9 % зиёд мебошад.

Дар ноҳия панҷ коргоҳи хурди саноатӣ, коргоҳҳои коркарди чубу тахта дар деҳаҳои Мадрушкат, Ревомутк, Оббурдон, Падрох фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 14 нафар бо кор таъмин мебошанд.

Инчуниндар ноҳия корхонаҳои саноатии ҶДММ “Қудрат 2010”, ҶДММ “Оби Ғулуч” фаъолият менамоянд, ки дар рушди соҳаи саноатии ноҳия саҳмгузоранд. Корхонаи ҶДММ “Қудрат 2010” дар давраи ҳисоботӣ 7455 тонна ангишт истихроҷ намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 5505 тонна ё 3,8 баробар зиёд мебошад. Истеҳсоли оби нўшокӣ аз ҷониби корҳонаи ҶДММ “Оби Ғулуч” дар ин давра ба 400 декалитр расонида шудааст.

 Доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ таъкид гардид, ки ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти ин соҳа дарсоли сипаришуда 264,279,7 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ба соҳаи чорводорӣ, боғдорӣ ва зироатчигӣ тааллуқ дорад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,775 ҳазор сомонӣ ё худ 9,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ парвариши занбўри асал дар ноҳия ба 2008 оила расонида шуда, 41,1 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 тонна зиёд мебошад. Дар давоми ду соли охир ба рушди ин соҳатаваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Айни замон дар 27 деҳа сокинон ба занбурпарварӣ машғул мебошанд. Иқлими ноҳия барои рушди ин соҳа хело мусоид мебошад.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша-чорабиниҳо иборат 108 банд таҳия гардида, амалишавии онҳо босуръат идома дорад.Дар давоми соли 2018 ва соли 2019 дар маҷмуъ 53 адад иншоот, аз ҷумла 12 адад муассисаи таълимӣ, 4 адад бунгоҳи тиббӣ, 2 адад дорухона, 2 адад сартарошхона, 2 адад майдончаи варзишӣ, 2 адад коргоҳи истеҳсолива 29 адад дигар иншоотҳо ба истифода дода шудааст, ки 49 фоизи нақшаи пешбинишудароташкил медиҳад.Айни замон дар 14 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо босуръат идома дорад.

Дар давоми соли 2019  дар ноҳия 140 нафар тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба касбомўзӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 68 нафар бонувон ва 72 нафарри дигарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 13 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд, ки тариқи он 87 нафар ба шуғл ҷалб гардиданд. Инчунин ба 29 нафар ба маблағи 77300 сомонӣ қарзи имтиёзнок барои ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дода шудааст. Тибқи Барнома 42 нафар шаҳрвандони бекор дар қайди бахши Агентӣ буда, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таъсилоти умумии вилояти Суғд барои солҳои хониши 2018-2022” соли равон ба  муассисаҳои таълимии ноҳия 34 адад компютер дастрас карда шудааст, ки 100 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Миқдори умумии компютерҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба 318 адад ва принтерҳо ба 73 адад расонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия боз  иловатан 151 адад мизи талабагӣ, 302 адад  курсии талабагӣ, 18 мизи омўзгорӣ, 25 адад курсии омўзгорӣ, 16 адад ҷевон, 14 адад тахтаи синфӣ, 1 адад мизи компютерӣ, 4 адад либосовезак ворид карда шуд, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва заминаимоддию техникии муассисаҳои таълимӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Дар соли 2019 ба муассисаҳои таълимии ноҳия аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 9826 адад китоби дарсӣ ба маблағи 144149,8 сомонӣ, маводҳои таълимӣ 2713 адад ба маблағи 55401,40 сомонӣ, 106 адад китоби бадеӣ ба маблағӣ 3872 сомонӣ, 5000 адад рўзномаи хонандагӣ ба мабалағи 31000 сомонӣ ворид гардидааст. Ҳамчунин аз нашриёти “Адиб” ба маблағи 2878,40 сомонӣ китобҳои бадеӣ низ харидорӣ шудааст.

Дар ин давра таваллуди умумӣ 755 нафарро ташкил дода, аз, он дар хона 69 нафар (9,1 %), дар муассисаҳои тиббӣ 686 нафар (90,9 %) ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, дар хона таваллудшудагон 7,1% кам гардидааст. Нишондиҳандаҳо нисбати соли 2018 хуб мебошанд. Дар  соли 2019 фавти умумӣ дар ноҳия 71 нафар (нисбати соли гузашта 7 нафар кам) ба қайд гирифта шудааст. Дар муассисаҳои тиббии ноҳия   8 фавти кўдаки  то 1-сола ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 2 нафар кам мебошад.

Дар ин давра 229 ҷашну маросим баргузор гардидааст, ки нисбат ба  соли 2018, 11 адад маросими туйи домодию арусӣ кам гардидааст. Маблағи ҳамаи чорабиниҳо 762,618 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 142,689 сомонӣ кам мебошад.

Дар соли 2019 дар ноҳия 29 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад кам мебошад. Аз ин шумора 1 адад қаллобӣ, 3 адад расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 7 адад ҷиноятҳои соҳаи иқтисодӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо 18 адад  мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ баҳри пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноят дар байни аҳолӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳия  дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳо 19 маротиба вохўрию мулоқотҳо доир карда шудаанд. Баҳри ошкор намудани ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, кушодашавии он дардавраи ҳисоботӣ 96 фоизро ташкил медиҳад.

“Паёми Кўҳистон”

Ин хабар 252 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj