ПАЁМ – ДУРНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ КИШВАР

Январ 08 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Санаи 8-уми январи соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки муовини аввали директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Набизода нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, шарҳу тавзеҳ дода шуд.

 

Набизода Наим зимни баёни нуктаҳои асосии Паём оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ, сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳо оиди чорабинии сиёсӣ интихоботи дар пеш истода, кабудизоркунии мавзеъҳои дахлдор суханронии пурмӯҳтаво намуд.

    Дар идома Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода ҳамаи сохторҳои ноҳиявиро вазифадор намуданд, ки дар давоми соли 2020 барои расидан ба ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати шабонарӯзиро ба роҳ монда, нақшаҳои истеҳсолиро пурраю барзиёд таъмин намоянд.

   Инчунин Раиси ноҳия муҳтарам Муҳаммадҷобир Раҷабзода дар рафти баргузории маҷлис оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар суханаронӣ карда, барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи сохторҳои ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас ва қатъӣ доданд. Барои дар давоми моҳи феврал ва моҳи март баргузор шудани чорабинии сиёсӣ интихоботи дар пеш истода, низ ба масъулини дахлдор чораҳои зурурӣ дода шуд. Таъкид карда шуд, ки дар давоми соли 2020 барои бунёди иншоотҳои замонавӣ, сифати сохтмонҳо, суръати ҷараёни корҳои ободонӣ, баргузор шудани шанбегиҳо, доир кардани мулоқоту вохӯриҳо дар байни аҳолии ноҳия оиди шомил нашудани аҳолӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла пешгирии терроризм ва эктремизм боз ҳам корбариро сохторҳои дахлдор дар сатҳи баланд ба роҳ монда, аҳолии ноҳияро ба он даъват намоянд, ки дар ободонии ин гушаи Ватани ҷоноҷонамон саҳми босазо ва арзандаи худро гузоранд.

Ин хабар 368 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj