ДАР КӮҲИСТОНИ МАСЧОҲ БА ИНТИХОБОТ ОМОДАГӢ МЕБИНАНД

Январ 15 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва ноҳия омодагии ҷиддӣ дида мешавад.

 

Дар ин бора аз комиссияи ноҳиявии интихобот хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ то имрӯз рӯйхати ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ ва хайати комиссияҳо пурра омода шуда, пешбарии номзадҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ оғоз гардидааст.

-       То имрӯз мо рӯйхати ҳавзаву участкаҳои интихоботиро пурра омода ва ҳам тавассути нашрияи ноҳиявӣ ба чоп расонидем. Дар деҳоту ҷамоатҳо ва маркази ноҳия шиору овезаҳои даъваткунанда ба интихобот насб карда шудаанд. Ҳайати комиссияҳои участкавии интихоботиро низ тасдиқ шудааст. Пешбарии номзадҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ шуруъ гардид. Мо тамоми кӯшишамонро ба харҷ медиҳем, ки дар доираи қонун амал кунем ва ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар ноҳия намояндагии худро доранд имконияту шароити мусоид барпои пешбарии номзадҳояшон фароҳам оварем,-мегӯяд раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдуев Обид.

    Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои 30 ҳавза ва 35 участкаи интихоботӣ буда, шумораии умумии пешакии овоздиҳандагон дар ин ноҳия 14943 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин ноҳия бори нахуст 2715 нафар  дар интихобот иштирок намуда, раъй худро медиҳанд.  

 

Ин хабар 371 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj