КИ ҲХДТ ДАР КЎҲИСТОНИ МАСЧОҲ НОМЗАДҲОЯШРО БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ НОҲИЯ ПЕШБАРӢ НАМУД

Январ 15 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Имрўз (14.01.2020) дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботи 13-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ доир гардид. Дар кори Конференсия Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Наврӯзов Имоммаҳмад ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

 

 Дар ин Конференсия  асосан ду масъала: Пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд ва Пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони  халқии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ муҳокима ва барраси карда шуд.

Дар муҳокимаи масъалаи якум номзадии Муҳаммадҷобир Раҷабзода, раиси феълии ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Кўҳистони Мастчоҳ №53 номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқиии вилояти Суғд пешниҳод карда шуд. Инчунин дар конференсия баррасии пешбарии 30 нафар аъзои фаъоли ҳизб дар ноҳия ба вакили Маҷлиси вакилони  халқии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ доир гардид. Пас муҳокимаҳои масъалаҳои рўзномаи конференсия тавассути як овоздиҳии пинҳонӣ номзадии Муҳаммадҷобир Раҷабзода ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва 30 нафар аъзои дигари ҳизб ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳияро ҷонибдорӣ намуданд.  

Пас аз овоздиҳӣ Муҳаммадҷобир Раҷабзода пешбарӣ гардидани номзадиаш ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба аъзои ҳизб изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки баҳри сазовор шудан ба ин боварӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб саъю талош хоҳад кард.

Ин хабар 448 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj