КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: ИСТИХРОҶИ АНГИШТ ЗИЁД ШУДААСТ

Январ 18 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(1 -бор баҳогузори шудааст!)

Корхонаи истихроҷ ангишт ҶДММ “Қудрат 2010” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар соли 2019 беш аз 7400 тонна ангишт истихроҷ намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 5505 тонна, ё худ 3,8 баробар зиёд мебошад.

 

Дар ин бора аз бахши рушди иқтисоди ноҳия хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 зиёд шуда, маблағии умумии он ба 3 млн. 549,9 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 145,9 % афзудааст.

Пас аз дастурҳои роҳбарияти кишвар барои рушди босуръати соҳаи саноат дар ноҳия низ ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 зиёда аз 3 млн. 549 ҳазор сомониро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби истихроҷи ангишт мебошад. Дар ноҳия ду корханаи саноатӣ, яке ҶДММ “Қудрат 2010”, ки ба истихроҷи ангишт машғул аст, дигаре ҶДММ “Оби Ғулуч”, ки асосан оби нӯшокӣ истеҳсол мекунад, фаъолият менамоянд. Истихроҷи аншишт дар давраи ҳисоботӣ 7455 тонна  ва истеҳсоли оби нӯшокӣ бошад, ин давра ба 400 декалитр расонида шудааст, мегӯяд Ҷаҳонер Саидов, мудири бахши рушди иқтисоди ноҳия.

Корхонаи ангишти деҳаи Ғузни ноҳия соли 2017 таъсис ёфта, айни ҳол дар он 35 нафар сокинони маҳаллӣ дар ҷараёни истихроҷи ангишт ба кор чалб карда шудаанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин авалин маротиба аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ангишт истихроҷ карда мешавад.

Тибқи маълумот, корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна иқтидори истеҳсолии  истихроҷи ангиштро доро мебошад.

Зимни мулоқот бо Президенти кишвар дар таърихи 20 августи соли 2019 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ роҳбарияти корхонаи ангишти Ғузн ваъда дод, ки бо ворид намудани технологияҳои муосир иқтидори истеҳсолии корхонаро то 100 ҳазор тонна зиёд мекунад.

Тибқи маълумоти тадқиқотию геологии гузаронидашуда, захираи умумии ангишт дар кони Ғузн 27 миллион тонна мебошад.

Фитрати Ҳикмат

Ин хабар 255 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj