Саҳифаро чоп кардан.

СУҲБАТУ ВОХЎРИҲО ҶИҲАТИ ШАРҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ВА РАФТИ ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ЛАНГАР

Январ 19 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Тибқи нақшаи таҳия намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ  як гуруҳи корӣ  бо сарварии роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Аҳмадзода Ҳотам Раҷабӣ, мудири бахши дини ноҳия  Раҳимов Равшан ва раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба интихобот Абдуев Обид дар ҳудуди ҷамоати Лангар бо сокинон ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рафти омодагиҳо ба интихоботи моҳи марти соли 2020 бо суҳбату вохўриҳо доир намуданд.

 

Дар ин вохӯриҳо гуруҳи корӣ нахуст Паёми Пешвои миллатро ба сокинону фаъолони деҳаҳо шарҳу тавзеҳ дода, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ҷиҳати рушди деҳоти дурдаст суханрониҳо намуданд.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Аҳмадзода Ҳотам Раҷабӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як чанд деҳоти ҷамоати Лангар бунёди мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони бисёре аз ин иншоот дар  ҳоли анҷомёбист.

 

Ҳамчунин дар ин мулоқот аз рафти омодагиҳо ба интихобот аз  ҳавзаю участкаҳои овоздиҳӣ дидан намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихобот ба шахсони масъул дастур дода шуд. Зикр карду шуд, ки насби шиору овезаҳои тарғиботӣ доир ба интихобот, омода намудани участкаҳои овоздиҳӣ, ба рӯйхат гирифтани вакилон мувофиқ ба маъёрҳои конунгузории кишвар доир карда шаванд.

Саидвоҳиди Қосим

 

 

Ин хабар 202 -бор хонда шуд.