Саҳифаро чоп кардан.

ДАР ҶАМОАТИ «ИВАН-ТОҶИК» БА ИНТИХОБОТ ОМОДАГӢ МЕБИНАНД

Январ 25 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Ҷиҳати  дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани интихобот дар оғози моҳи январи соли 2020 корҳои омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави ноҳия  шуруъ гардида, то имрўз ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ омода карда шудаанд.

 

Бо ин мақсад санаҳои 23-24-январи соли ҷорӣ гуруҳи кории МИҲД-и ноҳия бо сарварии роҳбари дастгоҳи раиси  ноҳия Аҳмадзода Ҳотам Раҷабӣ, мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Ниёззода Маҳмадносир ва раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба  интихобот Абдуев Обид  аз ҳавзаю участкаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи «Иван-Тоҷик» дидан намуданд.

 

Раиси комиссяи ноҳиявӣ доир ба интихобот Обидназар Абдуев дар суҳбат бо хабарнигори “Паёми Кӯҳистон” гуфт, ки зимни боздид гуруҳи корӣ аз ҳавзаю участкаҳои ҳудуди ҷамоати Иван-Тоҷик ба масъулини ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ ҷиҳати дар сатҳи хуб гузаронидани интихобот, тозаю озода нигоҳ доштани  атрофи ҳавазаю участкаҳо, насби шиору овезаҳои тарғиботӣ доир ба интихобот, ҳамарўза ташкил намудани навбатдорӣ  дастуру вазифагузориҳои мушаххас доданд.  

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик 20 ҳавзаи интихоботӣ ва 17 участкаи овоздиҳӣ пешбинӣ гардидааст, ки шумораи умумии пешакии  овоздиҳандагон дар ҷамоат ҳудудан 8210 нафарро ташкил медиҳад.

Саидвоҳиди Қосим

Ин хабар 187 -бор хонда шуд.