Саҳифаро чоп кардан.

БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Январ 28 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №1440 Бобозода Хайрулло Бобо иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъйин карда шуд.

 

Бобозода Хайрулло то ин дам дар Раёсати молияи ин ноҳия ба ҳайси мудир фаъолият мекард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба ҳузур пазируфтани раисони тозатаъйини шаҳру навоҳии мамлакат аз фаъолияти кордонӣ ва малакаи роҳбарии ҳар як кадр вобастагӣ доштани рушду инкишофи соҳа бо мисолҳои мушаххасу таҳлилҳои амиқ баҳогузорӣ намуда, дар назди онҳо ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши босифати фанҳои дақиқ ва   хизмати поквиҷдононаю содиқона ба халқу кишвари худ таъкид намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз бо  фармони Президенти мамлакат Муҳаммадҷобир Раҷабзода, ки то ин дам дар вазифаи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мекард, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд.

Бобозода Хайрулло Бобо 28 июли соли 1988 дар деҳаи Оббурдони ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад.

Соли 1996 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 деҳаи Оббурдон рафта, муассисаи мазкурро соли 2007 бомуваффақият хатм менамояд. Пас аз хатми мактаби миёна ба ДДҲБС-и Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2012 аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудаааст.

Фаъолияти кориашро аз Донишкадаи  кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд оғоз кардааст. Баъдан соли 2013 дар филиали коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба ҳайси сармуҳосиб корашро идома додааст. Солҳои 2014-2015 дар Раёсати молияи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳайси мутахассиси пешбари буҷет дар соҳаҳои иқтисодиёт ва баъдан сардори бахши буҷети раёсати молияи ноҳия шуда кор кардааст.  Аз моҳи июни соли 2016 то ин дам дар вазифаи сардори Раёсати молияи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият намуд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2020, №1440  ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъйин карда шуд. 

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд
озод намудани Раҷабзода М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҷабзода Муҳаммадҷобир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2020
№1439

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд
таъин намудани Бобозода Х.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Бобозода Хайрулло Бобо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе
27 январи соли 2020
№1440

Ин хабар 512 -бор хонда шуд.