Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

Январ 28 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(1 -бор баҳогузори шудааст!)

28 январи соли 2020 дар мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ баргузор гардид.

 

Дар маросими муаррифӣ таъкид карда шуд, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 Муҳаммадҷобир Раҷабзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ озод гардида, Бобозода Хайрулло Бобо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат дар ҳузури фаъолони ноҳия ва кормандони мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба Муҳаммадҷобир Раҷабзода барои фаъолияти пурсамараш изҳори сипос намуда, ба Бобозода Хайрулло Бобо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар назди роҳбарияти ноҳия барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, азхудкунии заминҳо ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ёдовар бояд шуд, ки Бобозода Хайрулло Бобо 28 июли соли 1988 дар деҳаи Оббурдони ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷики ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, аз рӯи ихтиос иқтисодчӣ мебошад.

Мавсуф Фаъолияти кориашро дар Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд оғоз кардааст. Солҳои 2014-2015 дар Раёсати молияи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳайси мутахассиси пешбари буҷет дар соҳаҳои иқтисодиёт ва баъдан дар вазифаи сардори бахши буҷети раёсати молияи ноҳия фаъолият бурдааст. Аз моҳи июни соли 2016 то январи 2020 сардори Раёсати молияи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ буд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Ин хабар 288 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj