ДАР КЎҲИСТОНИ МАСТЧОҲ САДАРО ҶАШН ГИРИФТАНД

Феврал 02 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Санаи 2 феврали соли 2020 дар  ноҳияи Кўҳстони Мастчоҳ ҷашни Сада бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар таҷлили ин ҷашни ниёгон, ки бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло  дар саҳни мактаби №7-и деҳаи Эсизи поён  баргузор гардид, сокинони ноҳия маҳсулоти кишоварзии худ, дастидўзиҳо, дастсохтҳои асбобҳои  рўзгордориву кишоварзӣ, хўрокҳои милливу маҳаллиро ба маърази тамошо гузошта буданд. Саҳни мактаб идона ороста шуда, сокинони  деҳаҳои мухталифи ноҳия ҷамъ омада буданд. Чорабини бо афрухтани гулхан шуруъ шуд.

 

Дар оғози чорабини  бахшида ба иди Сада иҷрокунандаи вазифаи  Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло  суханрони намуда, сокинони ноҳияро ба ин ҷашн табрик карда ва гуфт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи халқиятҳои ориёнажод ба ҳисоб меравад.   Ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таҷлили ин иди бостони дар кишвар бо мақсади эҳтиром ба арзишҳои таърихи ва анъанаҳои ниёгонамон ривоҷ ёфт ва ҳамасола дар саросари кишвар бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Иҷрокунандаи вазифаи  Раиси ноҳия дар идомаи суханрони  иброз дошт, ки  ниёгонамон иди бостонии Садаро чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон, ҳамчун муждаи омадани баҳор ва омодаги ба кишту кори баҳори  ҷашн мегирифтанд.  Маҳз  дар заминаи  соҳибдавлати  фарҳанги пурғановати миллат,  ҳамаи он рукнҳое, ки ҳамчун меъроси маънавӣ боқи мондаанд эҳё гардида ба шиносои миллии мардум асос гузошта истодааст.Таҷлили ҷашни Сада дорои сифатҳои хос буда, аҳамияти таърихи ва фарҳанги дорад. 

 

 Бобозода Хайрулло дар поёни суханрони ба мардуми ноҳияи Кўҳистони  Мастчоҳ  барои омодаги ба кишту кори баҳори барору комёбиҳо таманно намуд. Зимни боздид аз намоиши молу маҳсулоти ба маъраз гузоштаи сокинон  ичрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия ба дарстранҷи деҳқонону кишоварзон,  дастидўзиҳо, ва дигар ашёи ба намоиш гузошта баҳои баланд дод. Дар охир ба ифтихори ҷашни Сада  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба чанде аз собиқадорони меҳнат  ва шахсони фаъоли деҳаи Эсиз туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Барномаи консертии бахши фарҳанг чорабиниро рангин кард. Ҳамчунин ба муносибати ҷашни Сада дар деҳаи Эсиз мусобиқаи бӯзкашӣ  баргузор шуд, ки басо гуворо ва хотирмон гузашт.

Саидвоҳиди  Қосим

             

Ин хабар 299 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj