АЁДАТИ КУҲАНСОЛОН ВА СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ САДА

Феврал 02 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Дар асоси дастурҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо табақаи ниёзманди аҳолӣ, пиронсонлон, собиқадорони ҷангу меҳнат, аз ҷониби раисони шаҳру навоҳии кишвар аёдат ва ба ѓамхори фаро гирифта мешаванд.

 

Бо ин мақсад дар арафаи таҷлили иди Сада, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло дар деҳаҳои Эсизи поён ва Эсизи боло, пиронсолон, собиқадорон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ниёзмандро аёдат намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуд. Аснои  вохури бо ин қишри ҷомеа иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия баён дошт, ки ба ѓамхори фаро гирифтани қишри ниёзманди аҳолӣ аз  сиёсати иҷтимои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва супоришҳои доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Табақи ниёзманди аҳоли на танҳо дар арафаи иду ҷашнвораҳо, балки доимо ба ѓамхори фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин таъкид кард, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26.12.2019  баргузор гардид, баҳри боз ҳам беҳтар намудани некуаҳволии мардум ба хусус табақи ниёзманди аҳолӣ, нафақаи ин қишри ҷомеа зиёд карда шуд. Бобати ба ѓамхори фаро гирифтани қишри ниёзманди аҳоли,  собиқдорони ҷангу меҳанат куҳансолон ва шахсони аёдат шуда  аз сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат изҳори қаноъатманди намуда, ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия барои хабаргири аз ҳолу аҳволи онҳо миннатдори баён намуданд. Мавриди зикраст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни  Сада, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло  куҳансолон, собиқадорони ҷангу меҳнатро аёдат намуда, ба онҳо кумаки яқвақтинаи пулӣ тақдим кард.

Саидвоҳиди Қосим

Ин хабар 172 -бор хонда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj