Саҳифаро чоп кардан.

БА СОКИНОНИ ДЕҲАҲОИ ҶАМОАТИ ИВАН-ТОҶИК МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОНРО ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДАНД

Феврал 05 2020
Хабарро баҳогузорӣ кунед!
(0 votes)

Субҳи имрўз 5-уми феврали соли 2020 як гуруҳи корӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ  бо сарварии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, сардори шуъбаи КДАМ-и дар ноҳия буда Давлатов Аҳрор, сардори ШВКД_и ноҳия Насимзода Қосим, мудири шуъбаи ташкили кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия  Раҷабов Акбарҷон, мудири бахши хадамоти муҳоҷират Ниёззода Маҳмадносир ва мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия  Ҳаётзода Баруманд бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ ба мардум ва баррасии мушкилоту масъалаҳо,  ба чанде аз деҳаҳои ҳудуди ҷамоати «Иван-Тоҷик» сафар карда, бо сокинони ин рустоҳо суҳбату вохўриҳо доир намуданд.

 

Чунин силсилавохўриҳо нахуст дар деҳаҳои Оббурдон, Дашт, Ронҷ, Андарвашт  ва Имбеф  сурат гирифт. Дар ҷараёни суҳбату вохўриҳо иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло доир ба Паёми Президент суханронӣ намуда изҳор дошт, ки Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ироа мешавад, як ҳуҷҷати раҳнамо ва дастури муҳиме барои ободу зебо сохтани ватани азизамон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. Дар идомаи суханрони иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия ба сокинон таъкид намуд, ки  бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар кишвар солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст.

-        Ҳадаф аз чунин эълон беҳтар намудани вазъи будубош дар деҳот, тақвияти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Баҳри амали намудани иқдомҳои Роҳбари давлат аз масъулини ноҳия сар карда, то оддитарини сокини ноҳия масъулиятшинос бошад. Ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои рушди сайёҳӣ муносиб мебошад. Бояд мо тавре рафтор кунем, ки фарҳанги рўзгори худро коста накунем ва ҳар сайёҳе, ки ба ноҳия меояд бо як хотираи нек равад,- иброз намуд Бобозода Хайрулло.

Њамчунин иљрокунандаи вазифаи раиси ноњия Хайрулло Бобозода аз сокинон даъват ба амал овард, ки бањри сазовор ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, омўзиши амиқи фанҳои дақиқ ва ба таълиму тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандўсти саъю талош намоянд.

Дар ҷараёни суҳбату вохўриҳо бо сокинон масъалаҳои беҳтар намудани вазъи китобхонаҳо ва ҷалби мардум ба китобхонӣ, пешгири ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, зери назорат гирифтани муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар буда, ҷалби занону бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил баррасӣ гардиданд.

Саидвоҳиди Қосим

Ин хабар 184 -бор хонда шуд.