Муҳаммадҷобир Раҷабзода

 

Аз 2 декабри соли 2014 дар мансаби Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ кор мекунад.

Соли таваллуд 1 январи соли 1974. Ҷои таваллуд ноҳияи Мастчоҳ. Миллат тоҷик. Таҳсилот олӣ.

Соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро (рўзона) хатм кардааст. Ихтисос иқтисодчӣ.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ва Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд.

Вазъи оилавӣ оиладор. Суроға ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, ҷамоати деҳоти Лангар, деҳаи Лангар.

 

КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА:

 

Солҳои 1997 - 1998 – Омўзгори кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд;

Солҳои 1998 - 1999 – Мудири шўъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ;

Солҳои 1999 - 2002 – Муовини Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ;

Солҳои 2002 - 2004 – Раиси ҷамоати деҳоти Лангар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ;

Солҳои 2004 - 2008 – Сардори Раёсати молияи ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ;

Солҳои 2008 - 2010 – Муовини Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ;

Солхои 2010 - 2014 – Муовини аввали Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Аз декабри соли 2014 то ҳоло – Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ.

Ин хабар 2128 -бор хонда шуд.